Руҳонӣ, Путин, ал-Бағдодӣ... номзад ба “Одами сол”

“Тайм”, маҷаллаи маъруфи чопи Амрико номзадии 8 нафарро барои “Одами сол” муаррифӣ кардааст.
Миёни исмҳои эъломшуда сиёсатмадорҳое чун Ҳасан Руҳонӣ, раисиҷумҳури Эрон, Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, Ангела Меркел, садри аъзами Олмон, Абубакр ал-Бағдодӣ, саркардаи гуруҳи террористии ДИИШ ва Доналд Трамп, номзади интихоботии раёсати ҷумҳурии Амрико омадаанд.
Маҷалла дар бораи номзадҳояш шарҳи кутоҳе ҳам навиштааст. Бо зикри номи Ангела Меркел гуфта, “ӯ имсол дар маркази рӯйдодҳои хабарие чун мавзӯи паноҳҷӯён дар Аврупо ва даргириҳои иқтисодӣ қарор гирифт”. Дар бораи Путин омадааст: “Ба ҳайст раисиҷумҳури Русия таҳримҳои Ғарб ба хотири фаолиятҳои низомӣ дар Украинро ба чолиш кашид”.
“Тайм” далели интихоби Ҳасан Руҳониро тавофуқи ҳастаӣ ва талош барои поён додан ба таҳримҳои байналмилалӣ унвон кардааст. Ҳамчунин ҷунбиши “Блек ливз метерз” (ҷони сиёҳпӯстон арзиш дорад) низ ба унвони номзади “одами сол” интихоб шудааст. Фаъолони ин ҷунбиш алайҳи нобаробарӣ ва табъиз дар баробари сиёҳпӯстони Амрико садо баланд кардаанд. Маҷаллаи “Тайм” дар бораи Доналд Трамп, номзади ҷумҳуриҳоҳи раёсати ҷумҳурии Амрико навиштааст: “Трамп ба воситаи суҳбатҳои авомгароёна пештози рақобатҳои интихоботӣ ва мунозираҳои ҳизбӣ шудааст”.
Далели интихоб шудани Абубакр ал-Бағдодӣ нуфузи вай дар кишварҳои мухталиф ва тавони ӯ барои анҷоми амалиёт дар ин кишварҳо гуфта шудааст.
“Одами сол” чоршанбеи 9 декабр эълон хоҳад шуд. Унвони “Одами сол” бори аввал соли 1927 аз сӯи маҷаллаи “Тайм” эълом шудааст. Он замон Чарлз Линдберг, халабони амрикоӣ, ки аз фарози уқёнуси Атлантика парвоз кард, ин унвонро соҳиб гардид. Баъдан Ҷорҷ Буши хурдӣ, раисҷумҳури собиқи Амрико, раҳбари католикҳои ҷаҳон Иоанн Павел II (1920-2005), нахуствазири вақти Бритониё, Уинстон Черчил (1874-1965), раҳбари вақти шӯравӣ Иосиф Сталин (1878-1953) “Одами сол” шинохта шуданд. Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия соли 2007 ба ин унвон даст ёфт.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 |
5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 |
12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 |
19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 |
26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |