Бахшҳо

Бартанг: Аз пиёдаравии раиси вилоят то супориши халифа

Шодихон Ҷамшедов, раиси вилояти Бадахшон соати 3-и шаби гузашта худашро пойи пиёда ба рустои Савноб дар водии Бартанг, ки аз зилзилаи шадиди рӯзи 7 декабр зарар дидааст, расондааст.

Шаҳлои Сарадбек, як сокини ин русто дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, “раиси вилоят аз деҳаи мо ба рустои Барчидев ва аз он ҷо ба Ғудара меравад”.
Ин дар ҳолест, ки бо далели хуб набудани боду ҳаво чархболи ҳомили кумакҳо ба зарардидагони зилзила наметавонад ба водии Бартанг бирасад.

Ба гуфтаи хонум Сарадбек, дар деҳаи Рошорв бо супориши халифа гуруҳи ихтиёрӣ ташкил шуда, ба деҳаи офатзадаи Нисур ҳар рӯз пиёда ва бо хар ғизо интиқол мешавад.

Дар ҳамин ҳол, сокинони водии Бартанг мегӯянд, дар минтақаи ноҳияи Рӯшон ҳанӯз зилзилаҳо эҳсос мешаванд. Ба гуфтаи Шаҳло Сарадбек, мардуми деҳаи Савноб бо далели шамоли сард маҷбур шуданд, шаби гузаштаро дар хонаҳои худ рӯз кунанд, ҳарчанд, ба гуфтаи ӯ, аз зилзилҳо шадидан нигаронӣ ва тарс доранд. Ӯ мегӯяд, “он ду шаби аввали баъди зилзилаи шадид ҳам, ки дар хаймаҳо рӯз кардем, барф меборид”.

Дар пайи заминларзаи рӯзи 7 декабр дар қаламрави вилояти Бадахшон ду нафар ҷони худро аз даст дода, даҳҳо тани дигар маҷруҳ шуданд. Қоҳир Расулзода, нахуствазири кишвар, дирӯз 9 декабр дар ҷаласаи ҳукумат гуфт, бар асари заминларзаи рӯзи 7 декабр дар қаламрави вилояти Бадахшон 237 хона пурра ва 588 хона қисман вайрон шудаанд: “214 хонаи пурра ва 205 хонаи қисман зарардида ба ноҳияи Рӯшон рост меояд. Ҳамчунин иншооти зиёди иҷтимоӣ, аз ҷумла мактабу китобхона ва дигар муассисаҳо қисман зарар дидаанд”.

Мӯҳр
Салим
Мухтарам Раис Агар ман аз шахри Душанбе пои Пиёда дар ин 2 руз ба Бартанг мерафтам мерасидам

Aгар маблагзои барои созтмони рохи Сарез чудо шударо намедуздиданд ва лоихаи сохтмони рохро руи когаз намемонданл ва рохро ба талаботи байналмиллаи мутобик мегардрнланд, имруз мушкилоти берохи пеш намеомад. Акнун ин чаноб пиеда раванд хам боке надорад,

Ман аз Савноб имруз омадам..Хатто дар чунин лахзахои душворр хам махмадонохо пайдо мешаван.дилатон агар сузад пас биёд аз хамон Душанбе бароии хизмат ва дастгирии халки зарардидаи водии Бартанг. Э худкушону бегонапарварон ташакури калон барои Президент Барри дастгирихо ва минатторем аз раиси Вилоят ки ба чархаву селу хунуки нигох накарда ба назди дехахои дурдастарини Водит Бартанг омада мардумро дастгирикарда истодааст..бехуда нагуфтанд Шумо барин Душанбе нишин чи донад Бартанг чи чуш дорад...

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)