Бахшҳо

Қарори № 557-и Убайдуллоев: У.Раҷабов роҳбари бадеии консерти солинавӣ шуд

Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе бо имзои як қарор масъулини шаҳрдориро барои сазовор ҷашн гирифтани Соли нави 2016 муваззаф кардааст.

Тавре аз шаҳрдории Душанбе хабар доданд, бар пояи ин қарор ҳамаи муовинҳои раиси шаҳри Душанбе, раисони ноҳияҳои пойтахт ва сохторҳои марбутаи шаҳрӣ вазифадор шудаанд, то 30 декабри соли равон ороиши майдонҳо, боғу гулгашт ва кӯчаву хиёбонҳоро ба анҷом расонида, дар рӯзҳои омодагӣ ва баргузории чорабиниҳои солинавӣ фаъолияти муътадили соҳа ва корхонаҳои системаи муҳандисии ҳаётан муҳимро таъмин намоянд. Инчунин, дар ҳамкорӣ бо субъектҳои хоҷагидорӣ дар тамоми бозорҳои шаҳри Душанбе аз 21 то 31 декабри соли 2015 ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва молҳои ниёзи мардумро баргузор созанд.

Дар қарор омадааст, “дар мувофиқа ва ҳамкорӣ бо сохторҳои марбута, тамоми шароитҳои заруриро барои ташкили чорабиниҳои идон, сайругашти оммавӣ ва фароғати сокинони пойтахт дар рӯзҳои ид фароҳам оварда, иҷрои ҳатмии Нақшаи чорабиниҳоро таъмин намоянд”.

Убайдуллоев Шӯъбаи фарҳанги пойтахтро муваззаф сохтааст, дар ҳамкориву ҳамоҳангӣ бо сохторҳои марбута баҳри дар сатҳи баланд баргузор намудани чорабиниҳои фарҳангиву фароғатӣ дар шаҳр тадбирҳои зарурӣ андешад. “Роҳбарии бадеии консерти идона бо иштироки устодони санъат ва ситораҳои эстрадаи тоҷик дар майдони “Дӯстӣ” ба зиммаи режиссёр-таҳиягар, директори кулли Муассисаи давлатии фарҳангу фароғатии “Пойтахт-80” Раҷабов Убайдулло вогузор ва муваззаф карда шавад, ки дар ҳамкорӣ бо шӯъбаи фарҳанги Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон беҳтарин санъаткорону мутахассисони касбиро дар баргузории чорабинии зикршуда таъмин намояд”,-омадааст дар қарор.
Мӯҳр
Хаха артистхо ду сол пеш соли нав аз точикхо набуд куу?

Концерт додан гиред бо шиками гурусна .Бо пешвозгирии соли нав мо пешрави намекунем Ягон фикр карда ягон кори фоиданок кунед намешавад Пули зиёд дар ин маъракахои бе фоида ин исроф нест Танзим кучоро нигох мекунад

Озодагон! чаро rss атон кор намекунад?....... хоҳишан rss атонро дуруст намоед.... чун мо аз чандон вақт надорем ки ба як яки сайтҳо дароем..... ташаккур аз ҳамаатон!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)