Бахшҳо

“Мармари зиндаи Качетовка”. Маҳмадисо тоҷики муваффақе дар Новосибирск

Маҳмадисо Шамсидинов, як шаҳрванди 57-солаи Тоҷикистон, ки 9 сол қабл ба вилояти Новосибирск муҳоҷират кардааст, ҳоло яке аз заминдор ва чорвопарварони муваффақи ноҳияи Кочетовкаи ин вилоят мебошад.

“Ведомости”, нашрияи расмии ҳукумати вилояти Новосибирск дар як матлаб, ки “Мармари зиндаи Качетовка” ном дорад, аз муваффақияти Шамсиддинов нақл кардааст. Дар ин матлаб гуфта мешавад, Маҳмадисо Шамсиддинов, падари 13 фарзанд як сол дар бозор кор кардаву иттилоъ ёфтааст, ки ҳукумати вилоят ба манзури дастгирии тавлиди маҳсулоти кишоварзӣ қонуне ба тасвиб расонидааст. Ба ин тартиб, ин муҳоҷири тоҷик бо як шарики русаш аз деҳқони маҳаллӣ чанд хона ва як ангар мехаранд. Соле баъд шарики Маҳмадисо деҳаро тарк мекунад ва 2500 гектар заминро ба ӯ иҷора дода, 29 гектари дигаро моликияти хусусии Маҳмадисо мекунад. Бар иловаи замин, ин марди тоҷик 100 оила занбӯр мехарад ва бо ҳадафи кор мутахассисеро аз Тоҷикистон даъват мекунад, то фарзандашро таълим бидиҳад.

Худи Маҳмадисо ба кори замину чорво машғул шуда ва соли 2014 бо як “бизнес план”-и 5 миллион рублӣ вориди рақобати гирифтани гранти идораи кишоварзии ноҳия шудааст. Ӯ танҳо ба дарёфти 3 миллион муваффақ шуда, бо гирифтани қарз аз бонки “Россельхозбанк” ва чанд талоши худ онро ба 5 миллион расонидаву бо тамоми нерӯ вориди чорвопарварӣ гардидааст. Ба иттилои нашрия, ин марди тоҷик яке аз муваффақиятҳои кори худро дар кумаки фарзандонаш мебинад. Маҳмадмусои 34-сола ва Диловари 28-сола, ду тан аз 13 фарзанди Маҳмадисо ҳамроҳи ӯ дар Новосибирск кор мекунанд. Ӯ гуфтааст, “чӣ хуб аст, ки фарзандонам ба ман кумак мекунанд. Агар пул дар дастам бошад, медиҳам агар набошад на. Онҳо медонанд, ки ин моликияти онҳо ҳам ҳаст”.

Ба қавли Муҳаммадисо, ҳоло дар фурӯши гӯшт ҳам мушкилӣ надорад. Муштариёни домӣ пайдо кардааст: “Дар шаҳр дӯстҳо ва шиносҳои зиёде дорам. Занг мезананд ва аз 50 то 100 кило гӯшт фармоиш медиҳанд”.

Ин фермери тоҷик бозори картошкаи ноҳияашро низ инҳисор кардааст. Имсол барои сифати картошкааш медали тилло ва диплом гирифтааст. Ба гуфтаи Муҳаммадисо, ҳар вақт ки тоҷирони дигар ӯро дар ярмаркае бинанд, зуд аз наздаш дуртар мераванд: “Мегӯянд, боз ҳам туӣ? Мо дар наздат намефурӯшем. Ҳама картошкаи туро мехаранд ва аз мо мемонад”.
Мӯҳр
5
Офарин мехнат карда обруи миллатро бардошти!

беном
Ба фикрам агар хамин Махмадисо дар Точикистон кор мекард шансош 0,00 буданд.Озодагон илтимос чоп кунед....

Лакай
О хамин бародар омда Точикистонба хамин тур кору фаолият кунад намешад ми боз 5-6нафар чои кор ефтаву нон хуранд.Ман хайрон да..факат мулки бегона ба...Биеед дар ватани худмон имкониятхо бисер..биеед....

Боки
Акаи чуне ба гапои и гуш накн, чои гармта ягун майда хунук накн. Набие тамоман хамуча ист. Фиребт накнан

али
Лакай, ту обод кун ту хасти да тчк ин мард чои гармаша хунук накунад ташаккур ба бародар махмадисо

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)