Бахшҳо
15 дек 2015 11:43Тоҷикистон / Сиёсат

Барканорӣ ва танбеҳи масъулони пулиси Бадахшон аз сӯи вазири корҳои дохилӣ

Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилӣ полковник Тоҳир Кенҷазода, сардори БДА дар ВМКБ ва майор Изатшои Шукурбек, сардори ШБДА-и шаҳри Хоруғро аз вазифа барканор кардааст. Торнамои расмии ВУД далели ин тасмимро “роҳ додан ба камбудиҳо” гуфтааст.

Ба иттилои манбаъ, ба полковник Абдулваҳоб Искандарзода, сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар ВМКБ ва муовинонаш огоҳӣ дода шуда, барои бартараф кардани камбудиҳо як моҳ муҳлат гирифтаанд: “Ба сардори Шӯъбачаи вилоятии бақайдгирии имтиҳонотии ШБДА РВКД дар ВМКБ подполковники милитсия Гайдар Дарвешов ва сардори шӯъбачаи назорати техникӣ танбеҳ аз ҷониби вазир эълон карда шуд”.

Манбаъ мегӯяд, Рамазон Раҳимзода дар ҷаласае, ки имрӯз, 15 декабр дар РВКД ВМКБ баргузор шуд, масъалаҳои пурзӯр намудани фаъолият дар самти пешгирӣ ва ошкор намудани ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин, авбошӣ, оид ба низом даровардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳои шаҳри Хоруғ ва автомашинаҳои сиёҳшишаи беиҷозат, тамбашавӣ ва бартараф кардани камбудиҳои ҷойдоштаро мавриди баррасӣ қарор додааст. Вазири умури дохила гуфтааст, “дар назди бозори шаҳри Хоруғ бетартибӣ ва бенизомӣ зиёд аст, ки ин ба тамбашавии воситаҳои нақлиёт оварда мерасонад ва аз масъулин қатъӣ талаб кард, ки барои ба низом даровардани воситаҳои роҳу нақлиёт тадбирҳои зарурӣ андешанд”.

Манбаъ мегӯяд, ба ҳамаи сардорони Шӯъбаҳои бозрасии давлатии автомобилии ноҳияҳои вилояти Муҳтори Кӯҳистони Бадахшон танбеҳ эълон карда шуд: “Вазири умури дохила, Рамазон Раҳимзода барои бартараф намудани камбудию норасоиҳои ҷойдошта ба масъулини соҳа дастуру супоришҳои мушаххас дода, талаб кард, ки вазифаҳои хизматиашонро сари вақт ва босифат иҷро намоянд”.
Мӯҳр
Дарвеши Рушони
Мухтарам вазир ба маълумоти шумо расониданиам ки дар Бадахшон баъди таъини хамин Абдулвахоб Искандаров корхои Раёсати дохилии вилоят хело хуб ба рох монда шудааст,аммо баъзе камбудихо низ чой доранд дар хакикат хамин кормандони БДА бисёр конуншиканихо мекунанд тамоман правиларо назорат намекунанд корашон таъмачуи.Нигох накарда ба хамаи хамин сардори дохилии вилоят Искандаров бисёр сахтгиру нотарс аст хамхелихоша бисёртар ба Бадахшон равон кунед кор карда метавонанд.

Сабаби асоси ин техосмотру варидшавии пули кам
аз хисоби экзаменхои Автосантал аст. Танбашави
бошад дар хама чо хаст

Бачабек
И начальникои гаира бояд барвактар мегирифтанд.Хами полковник Искандаров дар хакикат нагз кардестай корои Бадахшона мужики тугри честный метова

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)