Бахшҳо
17 дек 2015 11:57Тоҷикистон / Сиёсат

С.Ятимов: “Иштироки фаъоли назарзодаҳо, кабириҳо дар ин ҷараён характери бозичагӣ дорад”

Саймумин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон гуфтааст, сохтани “Давлати исломӣ”, ширкати ҷавонони тоҷик дар амалиёти террористӣ, пурра ба марзҳои Тоҷикистон наздик шудани “Толибон” ва ҳодисаҳои моҳи сентябр дар кишвар ҳамчун раванд ғайричашмдошт нестанд.

Ӯ дар як матлаб, ки таҳти унвони “Шуури ҷамъиятӣ ва амнияти ҷамъиятӣ дар нашрияи давлатии “Ҷумҳурият” нашр шуд, авзои геополитикии ҷаҳонро ба таҳлил кашида, аз ҷумла таъкид кардааст, “сохтани “Давлати исломӣ”, ҳодисаҳо дар атрофи Ироқ ва Сурия, ширкати ҷавонони тоҷик дар амалиёти террористӣ, пурра ба марзҳои Тоҷикистон наздик шудани толибон, ҳодисаҳои марбут ба дастаи террористии Ҳ. Назарзода ҳамчун раванд ғайричашмдошт нестанд. Аъмоли охирин, натиҷаи кори навбатии мақсадноки душманони давлати миллӣ, сулҳу субот ва оромӣ дар кишвар аст. Ин рӯйдодҳо ҷузъи одии системаи нақшаҳои бозигарони геополитикӣ мебошанд. Ва иштироки фаъоли назарзодаҳо, кабириҳо дар ин ҷараён характери инструменталӣ, бозичагӣ, абзорӣ дорад. Қисмати бозии шоҳмоти геополитикӣ аст”.

Дар идомаи матлаб ҷаноби Ятимов гуфтааст, ҳодисаҳои рӯзи чоруми сентябрро дар Тоҷикистон ва фоҷиаҳои мансуб ба терроризми байналмилалӣ дар дигар нуқоти олам, нишонгари он аст, ки ҳастӣ ҳама вақт муайянкунандаи шуур нест: “Муҳим он аст, ки ин ҳастиро: Кӣ? Чӣ тавр? Бо кадом роҳу воситаҳо? ба “омма” мерасонад. “Муайянкунӣ”-и шуур аз фард, сифати шуури миллӣ ё гурӯҳҳои иҷтимоӣ, инчунин санъати кор бо чунин шуур, аз бозигарони геополитикӣ вобастагӣ дорад. Тафсир ва эътирофи “ҳақиқат” дар ин шакли муносибат характери субъективӣ мегирад, аз ҷумла мансуб ба худсарии инсон аст. Хиёнат ба сарзамини аҷдодӣ ба фоидаи аҷнабиён аз тарафи ашхоси маълуми сарватманди ҷомеаи мо ва шаҳрвандони ҷаҳони ғарб, ки аз ҷиҳати молӣ (ҳастии ҷамъиятӣ) дар пояи чандин маротиб зиёдтар аз қаноатмандӣ қарор доштанд, ниёз ба тадқиқ ва тафсири илмӣ дорад”.

Дар як нуктаи матлаб ишора шудааст, ки созмондиҳандагони ташкилоти террористӣ – экстремистии байналхалқӣ, ки ҳамакнун дунёро меларзонанд ва ҷавонони тоҷик ҳам дар ин падида ба ҷои обод кардани Ватан, ҳимояи марзу бум, зану фарзанди хеш дар биёбонҳои аъроб "шаҳди шаҳодат" мечашанд: “Боиси тааҷҷуб нест, ки тамоми кӯшиши бозигарони глобалӣ, “ғамхории падарона”-и онҳо барои дар сатҳи муайян, ба манфиати онҳо нигоҳ доштани муҳтавои шуури муқаррарии ҷомеаи ҷаҳонӣ, пеш аз ҳама, кишварҳои мусулмоннишин равона карда шудааст. Ҳеҷ кас набояд умед бандад, ки қаҳрамонони тахтаи шоҳмоти геополитикӣ, рӯзе ҷиҳати дар иқлими мавриди таваҷҷуҳашон, аз ҷумла сарзамини мо - тоҷикон, сохтани шуури назариявии систематикунонидашудаи ватанпарастӣ, миллатдӯстӣ, илмсолорӣ ғамхорӣ менамоянд. Маҳз ба он маблағгузорӣ мекунанд. Баръакс. “Хубӣ”-и ҳолати ба бозигарони минтақавӣ ва глобалӣ муҳими шуури муқаррарии ба манфиати онҳо ташкилёфта, иборат аз он аст, ки маҳз дар доираи ҳамин шуур, дар майнаи инсон, гурӯҳҳои ҷомеа ҳолате ба вуҷуд меояд, ки дигар шахсро оила, авлод, сохторҳои марбут ба давлат наметавонанд аз он берун созанд. Вобастагии пурраи рӯҳӣ, маънавӣ, зиддимиллӣ дар фард, гурӯҳҳои иҷтимоии ҷомеа шакл мегирад. Новобаста аз мансаб, боигарӣ, ҷоҳу ҷалол, манфиати миллии ин гурӯҳ дар вобастагии кул ба маводи мухаддири навъи сиёсӣ - динӣ мемонад. Дар либоси дӯст ҳам кори душман мекунад”.
Мӯҳр
Дуруст аст, аз хамин хотир бояд чавонони точик харчи бештар назару нигохашонро ба кадом як гуруххои террористи нею ба ватану миллати худ равона намоянд!Ин Кабири бошад ягон вакт назару нияти нек нисбати ин сарзамин надошт! Ба танхо курси лозим буд ва у дар давоми тамоми фаъолияташ танхо ва танхо хохиши хочагони худро аз хорич амали мекард.

Чаноби said ман фикр мекунам Кабири барои мансаб не барои озоди миллати Точик кушиш мекард.

Прр
САЛОМ,ДАР ДОНИШГОХ ПОРАГИРИ ДАР АВЧИ АЪЛО АСТ,КАТБИРИ ГУНХКОР АСТ, ДАР РОХ МЕРАВИ НОЗИРИ РОХ ПУЛ МЕГИРАД НАЗАРЗОДАХО ГУНАХКОРАНД БАРОИ ЯК КОРАТ ДАР МАКОМОТИ ДАВЛАТИ МЕАФТИ МЕРВИ ДАГАЛОНА РАФТОР МЕКУНАНД КАБИРИ ГУНАХКОР АСТ ДАР ХАМА ГУШАХОИ ШАХР МАРКАЗХОИ ФАХШУ ФОХИШАГИ ДАРХОИ БОЗ ДОРАД НАЗАРЗОДАХО ГУНАКОРАНД ИКТИСОДИ САРДУМ РУ БА ТАНАЗЗУЛ ОВАРДААСТ КАБИРИ ГУНАХКОР АСТ АХЛОКИ ЧАВОНОН ЯКТАРАФ ИСТАД МУАЛЛИМХО БАДАХЛОК ШУДААНД КАБИРИ ГУНАХКОР АСТ
БОВАР КУНЕД ИН СУХАНХОРО АЗ РУИ ДИЛСУЗИ МЕГУЕМ БА ЯГОНКАС САХТ НАРСД.ДИЛМОН БАРОИ ВАТАН МУСУЗАД АГАР ОЯНДАИ ДАВЛАТРО ДИДАН ХОХИ БА ЧАВОНОНИ ОН НАЗАР АНДОЗ ЧАВОНИ ИМРУЗИ МО ФАКАТ ДАР ФИКРИ ИЩКУ ОШИКИ АСТ ДАР ФИЛМХОИ ИМРУЗАИ МО НИ ИН МАВЗУЬ МАВКЕИ АСОСИ ДОРАД
АЗ МАСУЛОН ХОХИШ МЕКУНЕМ ХУШЁР БОШАН
КАБИРИ ОНЧИ БОЯД МЕШУД ШУД
ДАР ФИКРМ МАРДУМ БОЯД БОШЕМ

душанбе45
Дар хакикат дар ин давру замон касеро мегуянд,ки намоз нахонед ё масчидхо наравед панч вакт масчитхо кушода. Ин намоз хондан маъное надорад,ки бояд ба ватан миллат хиёнат куни ба давлати исломи рафта одамхоро ба катл расони магар дар ислом нагуфтааст, мусулмон ба хуни шахсе набоя зомин шавад.

Зиндадил
О Худоё чаро мардум ин кадар рохгумзада шудааст. Кабири накшаи пешаки кашидаи Назарзодахоро медонист. савол ? агар намедонист чаро пеш аз ходиса ба хорича сафар кард, Наход рохбари яке аз хизбхои сиёси дар вакти андухгин будани миллат дар хорича истирохат дошта бошад. худ андеша кунед.

Хамсоли Истиклол
Офарин Раиси мухтарам Ятимов хакикатро гуфтан лозим онхо барои нафс шуда миллатро фурухтанд..
Так держать раис ..... мо бо Шумоем

Хамро
Дар хакикат имрузхо чавонони точик ру ба хурофотпарасти овардаанд. Ва ин боис мешавад, ки ин гуна гуруххои террористи ба монанди Хочи Халим онхоро истифода мекунанд.

Акрамшо
Дуруст аст. Офарин ба С. Ятимов!!! Ин гунахо рузе мешавад, ки давлати тинчу ороми моро несту нобуд мекунанд. Кабири ё Назарзода барои ватану миллат чи хуби кардааст, ба гайр аз хоини!!!

Нуриддин
Мухтарам Ятимов С.С. дар хакикат Шумо дуруст кайд кардед. Кабириву Назарзода дар хакикат бозичаи дасти абаркудратон буданд, ки чони чанд нафар чавонпахлавонони точикро аз байн бурданд.

Офарин мухтарам Ятимуф гапхои хуб.

Мо тарафдори сохти конститутсиони хастем, мо суханхои ин мардакро тарафдор хастем.


Анушервон
Ташаккури зиёд ба доктори илмњои сиёсатшиносї Ятимов Саймумин Сатторович барои пешнињоди чунин маќолаи олї ва сариваќтї. Њамчун хонандаи ќаторї ањамияти онро наѓз дарк мекунам. Ман мехоњам ва пешнињод њам мекунам, ки моњият ва мўњтавои маќолаи мазкур ба самъи тамоми хонандагони муассисањои таълимии кишвар, кормандони идораву муассисањо ва хизматчиёни њарбї расонида шавад. Зеро ваќтњои охир душманон бо истифода аз роњу усулњои гуногун ба шуури наврасону љавонон кўшиши таъсир расонидан доранд.

Кабири калимаи Исломро хамчун силох ва аъзохои ХНИТ-ро хамчун тир истифода мекард. Дар ин дунё хамачи ба хости Худо мешавад ва хамчун ХХДТ-рохам ба хости Худо солхои дароз сабз мебошад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)