Ҷангиёни ДИИШ минтақаҳои нави Афғонистонро зери назорат гирифтаанд
Ҷангиёне, ки ба созмони террористии “Давлати исломӣ” ё ДИИШ савганди садоқат додаанд, назорат дар минтақаҳои нав дар вилояти шарқии Нангарҳори Афғонистонро ба даст овардаанд. Бино ба хабарҳо, ҳамлаи ифротгароён аксари сокинони маҳаллиро ба тарки манзилҳояшон водор кардааст.
Тибқи иттилои расида, ҷангиёни “Давлати исломӣ” дар Нангарҳор, ки бо вилояти Кобул - пойтахти кишвар, ҳамсоя аст, муқовимати мусаллаҳонаро дучор нашудаанд. Ҳамагӣ чанд рӯз пештар генерал Ҷон Кэмпбелл, фармондеҳи неруҳои ИМА ва НАТО дар Афғонистон гуфта буд, ба ҷангиёни ифротгарои “Давлати исломӣ” дар Афғонистон “ҷангиёни хориҷӣ” аз Сурия ва Ироқ пайваст мешаванд. Онҳо талош доранд дар вилояти Нангарҳор пойгоҳи минтақавии ин гуруҳро ташкил кунанд.
Ин дар ҳолест, ки ахиран аз пахши барномаҳои радиои “Садои халифат”-и гуруҳи террористии “Давлати исломӣ” дар вилояти Нангарҳор хабар расида буд. Расонаҳои Афғонистон навиштанд, ки ин радио рӯи мавҷи 90FM дар ҳама ноҳияҳои Нангархор, аз ҷумла дар Ҷалолобод дастрас буда, ҷавононро барои пайвастан ба сафи ин ташкилоти террористӣ даъват мекунад. Мақомоти Афғонистон мегӯянд, талош доранд маҳалли пахши радиои “Садои хилофат”-ро мушаххас кунанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |