Нияти сафари Э.Раҳмон ба Саудӣ ва эҳтимоли пайвастан ба эътилофи низомии исломӣ
Тоҷикистон пешниҳоди Арабистони Саудӣ дар бораи пайвастан ба эътилофи низомии исломӣ алайҳи терроризмро баррасӣ мекунад.
Дар ин бора аз қавли Азамшо Латифзода, сафири Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ “Аш Шарқ-ал-Авсат”, нашрияи расмии Арабистони Саудӣ хабар додааст.
Латифзода афзудааст, ки қарор аст Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон моҳи январи оянда аз Арабистони Саудӣ боздид ва бо шоҳи он – Салмон дидор кунад.
Гуфта мешавад дар ин дидор масоили мубориза бо терроризм, аз он ҷумла шароити ширкати Тоҷикистон дар блоки низомии исломӣ баррасӣ хоҳанд шуд. Қаблан Арабистони Саудӣ ба манзури мубориза бо терроризм аз ташкили эътилофи исломӣ ва пайвастани 34 кишвар ба он хабар дод.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |