Бахшҳо

Фаҳим: Дар замони муқовимат ҷаноби райисҷумҳур аз Аҳмадшоҳ Масъуди шаҳид ҳимоят мекард

Имрӯз, 27-уми октябр,  маросими хатти интиқоли барқи 220-киловаттаи «Сангтӯда-Пули Хумрӣ», ки барои нақли қувваи барқ аз Тоҷикистон ба Афғонистон эҳдос шудааст, баргузор хоҳад шуд.


Дар ин бора дирӯз зимни мулоқоти президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо нойиби аввали райисҷумҳури давлати исломии Афғонистон- маршал Муҳаммад Қосими Фаҳим иброз гардид. Пас аз анҷоми нишасти мазкур, меҳмони воломақоми кишвари ҳамсоя дар ҳузури хабарнигорон аз ҷумла гуфт:«Мо бо як ҳайати бузург  бо даъвати райисҷумҳури Тоҷикистон  ба Душанбе омадем. Бо ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон сӯҳбатҳо ва мулоқоти  бисёр муфид доштем. Аз ҷумла, дар қисмати ҳамкориҳои фарҳангӣ, ҳамкориҳои техникӣ ва ҳамкориҳои амниятӣ сӯҳбатҳо кардем, ки натоиҷи бисёр мусбат дошт. Дар натиҷаи сафар мо хати барқи 220 киловатаеро, ки аз Сангтӯда ба Афғонистон омода шудааст, рӯзи 27-уми октябр  ифтитоҳ хоҳем кард ва ҳамчунин як пул ифтитоҳ мешавад ва ба ҳамин тартиб дар ҳар  арса ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ равнақ хоҳанд гирифт ва бар ҳама кор дар  Тоҷикистон замина ва робита вуҷуд дорад».

Муҳаммад Қосими Фаҳим афзуд, Афғонистон омодагӣ дорад, ки ба андозаи тавони судури барқи кишвари бародари Тоҷикистон  барқ хоҳад гирифт . «Шумо медонед, ки Афғонистон ва Тоҷикистон ду кишвари ҳамзабон, ҳамсарҳад, ҳамдину ҳамфарҳанг ҳастанд ва дар як хатти минтақа қарор доранд. Эҷоди пулҳо, эҷоди роҳи оҳан, табодули тиҷоратӣ- инҳо ҳам ба мардуми Афғонистон ва ҳам барои мардуми Тоҷикистон муфид хоҳанд буд. Осиёи Миёнаро Афғонистон бо Осиёи Ҷанубӣ васл мекунад ва ин васл қатъиян аз лиҳози тиҷоратӣ фоидаи зиёд дорад». Маршал Фаҳим ба ишора ба ҳаводиси як даҳсола пеши Афғонистон гуфт: «Ҷаноби райисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бадтарин рӯзҳое, ки Афғонистон мавриди фишор қарор гирифта буд, дар замони муқовимати мардуми Афғонистон  бо роҳбарии Аҳмадшоҳи Масъуди шаҳид қавиан ҳимоят карданд».{jathumbnail off}

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Январ 2023    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)