Бахшҳо

“Ошкоро”: Овози худро нотарсона бароред! Бас аст, 70 соли бо тарсу ваҳм зистан!

Нуралӣ ДАВЛАТ

Мақолаи мазкур таърихи ташкили нахустин созмонҳо, аҳзоби сиёсӣ ва ҳаракатҳо дар Тоҷикистонро мавриди баррасӣ қарор медиҳад. Бахши нахустин ба фаъолияти клуб ё маҳфили сиёсии “Рӯ ба рӯ”, ки асосан дар охири солҳои 80-уми қарни гузашта дар шаҳри Душанбе фаъолият дошт, бахшида шуд. Ҳоло фаъолияти созмони "Ошкоро" пешниҳод мегардад.

ҚИСМАТИ АВВАЛ

ҚИСМАТИ ДУЮМ

ҚИСМАТИ СЕЮМ


ОМӮЗГОРОН ҶОНИБДОРИ “ОШКОРО”

Дар вокуниш ба мактуби Ҳ.Раҳимов як гуруҳ муаллимони мактаби №6, ки Р.Абдураҳимов онҷо фаъолият мекард, номаи боз навиштаву онро ба нашр расонданд. Дар ин мактуб ҳамкорони Р.Абдураҳимов ба мунтақидон ҳамла карданд. Масалан, дар бораи ҳамсинфу ҳамдеҳаи президенти созмони “Ошкоро” гуфтанд, ки занашро дар даврони барҷомондагӣ дар хонаи давлатӣ ҳамроҳи фарзандонаш партофта, зани ҷавон гирифтаву “ба хонаи дакаданги шахсиаш” рафтааст. Аммо ҳамкорони Р.Абдураҳимов нагуфтанд, ки Ҳ.Раҳимов ба кадом “рӯзҳои номардию шармандагӣ” ишора кардааст ва то кадом андоза ин ишора ба ҳақиқат рост меояд?

Ҳамкорони Р.Абдураҳимов Бӯрихон Салимовро шадидан ба боди интиқод кашида, эълон доштанд, ки ӯ дар тамоми шаҳри Кӯлоб ҳамчун аризабоз “маъруфу машҳур” аст. Онҳо иддао мекарданд, ки “ин “фаъоли партиявӣ” борҳо бо гуноҳҳои гуногун ҳабс шуда, солу моҳҳои дароз аз пайи кофту кови дигарон асту гуноҳҳои худро намебинад”.
-Ин рафиқ бо овози баланд “Нест бод созмон!”, “Созмон ба расмият шинохта нашавад!” гӯён худро дар назди кормандони аппарати партиявии шаҳр одами хеле поквиҷдон нишон доданӣ шудааст, менависанд ҳамкорони Р.Абдураҳимов.

Сабабашро муаллифони нома дар он мебинанд, ки Салимов ҷои дилхоҳашро соҳиб шудааст ва бо ҳама чизи рӯзгор таъмин асту парвои каси дигар надорад.
-Аҷибаш ҳамин аст, ки Салимов чандин бор ҳабсгашта “фаъоли партиявӣ” шудааст, аммо коммунистони соҳаи савдо ба маҷлиси фаъолони партиявӣ даъват нашудаанд.

“Ошкоро”: Овози худро нотарсона бароред! Бас аст, 70 соли бо тарсу ваҳм зистан!Дар нома дар мавриди Қурбон Зардаков ба таври кӯтоҳ ишора шудааст, ки суханони ӯ дар бораи он ки маҳалчигӣ заҳрест, ки мардуми моро саросар печондааст, мувофиқанд, аммо онҳо бо тааҷҷуб мепурсанд, ки чаро ӯ зидди созмон садо баланд кардааст: “Охир, наход вай нафаҳмад, ки маҳз ҳамин созмони халқӣ сирру асрори ҳаққи мардумхӯрон, фиребгарону замонсозонро фошкарда, бозорашонро касод месозад?”
Омӯзгорон ҷумлаи худро дар мавриди Қурбон Зардаков бо як ҷумла ҷамъбаст кардаанд: “зиндагии пуру фаровон дорад”.

Дар мавриди доктори илм Самариддин Каримов бошад, гуфтаанд, беҳтар мешуд агар ӯ пиромуни зисту зинадгонии донишҷӯён ва умуман камбудиҳои донишгоҳе, ки худ ошкор мекунад, суханронӣ мекард, аммо ба ҷои ин, доктори илм пешниҳод кардааст, ки хонаҳои аъзои созмонро кобанд, зеро пур аз молу матоанд.
-Наход, ки хонаҳои аъзоёни созмон, ки бештарашон муаллимонанд, монанди хонаҳои Ҳабибулло Раҳимов, Бӯрихон Салимов ва Қурбон Зардаков ва монанди мӯҳтарам Самариддин Каримов пурнозу неъмат бошанд?, – савол мегузоранд муаллифони мақола.
Дар фарҷоми мактуб омӯзгорон зикр мекунанд, ки аз ҳамкорашон Р.Абдураҳимов пурсиданд, ки чаро раисии созмонро ба ӯҳда гирифтааст ва чунин посух шуниданд, ки мақсади асосӣ “хизмат кардан ба халқи азиз ва диёр аст ва то охирин лаҳзаи умр баҳри кори ҳақ мубориза хоҳам бурд”.
-Мо коллективи муаллимон бо тамоми ҳастиамон тарафдорӣ мекунем, ки комиҷроияи шаҳр ҳарчӣ тезтар созмонро ба расмият шиносад.

Дар конференсияи 23-и ҳизбии шаҳри Кӯлоб, ки дар ибтидои моҳи апрели соли 1990 баргузор гардид, котиби якуми комитети ҳизбӣ А.Ашӯров дар маърӯзаи чандсоатаи худ ба созмони “Ошкоро” “ҳамла” кард.

“ОШКОРО” ХАМКОРИРО РАД МЕКУНАД

Созмони “Ошкоро” тасмим гирифт, ки рӯзи 25 августи соли 1990 боз як гирдиҳамоии дигар баргузор кунад. Қабл аз он доир кардани ин гирдиҳамоӣ Муроҷиатномае ба унвони сокинони шаҳри Кӯлоб қабул гардид ва дар он камбудиҳои ҷомеа зикр гардиданд. Аз баски баъди баргузор шудани гирдиҳамоӣ масъалаҳои дар Муроҷиатнома зикргардида дар қарори гирдиҳамоӣ тазаккур ёфтанд, мо инҷо зикрашонро зарур надонистем. Поёнтар нуктаҳои аслии онро иқтибос мекунем.

Дар хабари расмие, ки баъди баргузор гаштани гирдиҳамоӣ паҳн шуд, гуфта мешуд, дар он намояндагони ҳамаи ноҳияҳои вилоят иштирок карданд ва теъдодашон ба 2 ҳазор мерасид. Баромади ҳар як масъули созмони “Ошкоро” дар ин гирдиҳамоӣ бо кафкӯбиҳо истиқбол мешуд, зеро аввалан онҳо олим ва соҳибмаълумот буданд ва сониян дар суханрониҳои худ бештар ба факту далелҳо такя мекарданд. Масалан, номзади илмҳои педагогӣ Ш.Собиров се маротиба дар ҳайати комиссияи комиҷроияи шаҳр кори савдоро санҷида буд, номзади илмҳои физика И.Сарҳадов – масъалаи манзили шаҳрро хуб омӯхта буд, бостоншинос М.Азизов ду маротиба дар ҳайати комиссияи комиҷроияи вилоят масъалаи иҷрои қонуни забонро дар ноҳияи Москва ва шаҳри Кӯлоб санҷид, ҳуқуқшинос А.Шерхонов таҳлилгари хуби вазъи сиёсии ҷумҳурӣ буд.

Дар ин гирдиҳамоӣ масъалаҳои таъмини об, ба тартиб даровардани соҳаи савдо ва хӯроки умумӣ, масъалаи манзил, иҷрои қонуни забон ва соҳаи тибро аз ҷониби масъулони созмони “Ошкоро” муҳокима гардиданд ва аз рӯи ин масъалаҳо чунин қарор қабул карданд:
-аз ҳукумати шаҳр, вилоят, ҷумҳурӣ ва иттифоқ талаб мешуд, ки дар масъалаи ба шаҳри Кӯлоб овардани як шохоби дарёи Панҷ, ҳарчи тезтар ба як қарор оянд ва аз қарори қабулкардаи худ ба воситаи матбуот ба аҳолӣ хабар диҳанд;
-аз ҳукумати шаҳр ва вилоят талаб мешуд, ки ҳолати тоқатфарсои соҳаи савдои шаҳрро ҳарчи тезтар ба тартиб дароранд ва садри он рафиқ Шукуров Амонулло, ки аз уҳдаи роҳбарии ин соҳа набаромада истодааст ва чандин ҷазоҳоро сазовор гардидааст, иваз карда шавад;
-талаб карда шуд, ки нафақахӯрон аз тамоми звеноҳои роҳбарӣ озод шуда, ба ҷои онҳо ҷавонони болаёқат ба кор таъмин шаванд; аз ҳукумати вилоят талаб шуд, ки рафиқон Аҳроров Улмас аз вазифаи мудири шӯъбаи савдои комиҷроияи вилоят, Хақназаров аз вазифаи мудири шӯъбаи тандурустиивилоят ва рафиқ Пирназаров Шариф аз вазифаи директории бозори шаҳр озод карда шаванд. Таъкид мешуд, ки агар ин талабот иҷро нашаванд, мардум маҷбур мешавад, ки корпартоӣ кунад;
-аз ҳукумати ҷумҳурӣ талаб шуд, ки соҳиб будани халқиТоҷикистонро нисбати ҳамаи боигариҳояш: пахта, тилло, нафт, намак, санги мармар, лаъли Бадахшон, корхонаҳои саноат, пули нақлиёт ва ғайраҳоро дар парламенти Иттиҳоди Шӯравӣ муайян намояд;
-аз ҳукумати шаҳр талаб шуд, ки системаи карточкаро фақат дар соҳаи хӯрока ҷорӣ намуда, ин системаро аз соҳаи либос ва умуман нисбати молҳои саноатӣ бекор кунад;
-ҳангоми фурӯши молҳои саноатӣ фақат паспорти шаҳрвандон ба инобат гирифта шавад.
-ҳамчунин аз ҳукумати шаҳр талаб карда мешуд, ба шаҳрвандоне, ки замин додаанд ва сохтмони хонаҳои шахсиашонро тамом кардаанд, хонаҳои давлат аз онҳо гирифта шаванд ва ба шахсони бехона дода шаванд;
-ба комиссияи номгузории назди комиҷроия пешниҳод шуд, ки дар масъалаи иваз кардани номи хиёбону кӯчаҳою корхонаҳо бо ҷуръат шаванд ва номҳои бузургони миллат гузошта шаванд.
-аз ҳукумати вилоят талаб шуд, ки дар масъалаи интихоби кадрҳо ба маҳалчигӣ роҳ надиҳанд ва дар роҳбарияти шаҳру вилоят бештар кадрҳои ҷавони қобилиятнокро новобаста ба маҳалли зиндагиашон пешбарӣ намоянд. Бояд қонуни забонро ҷоннок намуда, барои дар ҳамаи соҳаҳои зиндаги амали гаштанион кӯшиш карда шавад.

Гирдиҳамомадагон талаб доштанд, ки қисми ҳарбӣ, беморхонаи касалиҳои сил ва беморхонаи касалиҳои рӯҳӣ ва пӯст аз байни шаҳр бароварда шаванд. Дар фарҷом махсус таъкид мегардид, ки қарори мардум қатъист ва аз тарафи Шӯрои созмони “Ошкоро” таҳти назорат гирифта шуда, иҷрои он ба халқ расонида мешавад. Гуфта мешуд, ки дар тӯли ҳафтаи оянда нусхаҳои ин қарор ба ҳукумати маҳаллӣ, вилоят,ҷумҳурӣ ва Маскав низ ирсол мегардад. Рӯзи дигар Шӯрои созмон бо намояндаи КМҲК Тоҷикистон К.А.Николаев вохӯрд. Мавсуф иброз дошт, ки Ҳизби коммунист ҳозир аст бо созмони “Ошкоро” ҳамкориро ба роҳ монад, вале масъулони ин ташкилот ҳамкориро қатъиян рад намуданд. Онҳо гуфтанд, ки бо ҳизбе, ки дар муддати 73 соли яккаҳукмрониаш халқи худро фиреб дода, ба даҳшату кулфат ва қашшоқиву бенавоӣ гирифтор кард, на бовар доранд ва на ҳамкорӣ мекунанд.

Ба дунболи ин мулоқот рӯзи 28 август рӯзномаи “Хатлон” дар сармақолаи худ созмони “Ошкоро” ва аъзоёни онро шадидан интиқод намуда, онҳоро ба иғвогарӣ айбдор кард ва эълон дошт, ҳуқуқ надоранд аз номи мардум сухан бигӯянд. Дар рӯзҳои охири моҳи август созмони “Ошкоро” ба меҳнаткашони шаҳр, ноҳия ва вилояти Кӯлоб муроҷиат намуда, эълон дошт, ки мардуми Кӯлоб бо шарофати бозсозӣ аз хоби гарон бедор шуда истодааст.

Дар ин Муроҷиатнома созмони “Ошкоро” ошкор ба рӯзномаи “Хатлон” ҳуҷум карда, иддао мекунад, ки ин рӯзнома ба яроқи ҳизбиён мубаддал гаштааст, бинобар ин, ба он бовар накунанд.
-Фикр кунед, оё ба рӯзномае, ки халқи худро ба гумроҳи андохтаву овози онро буғӣ карданист, бовар карда, обуна шудан мумкин аст?-савол дода мешуд дар Муроҷиатнома. Ба андешаи масъулони созмон “Ошкоро” дар натиҷаи бедории халқи заҳматкаши Кӯлоб ташкил ёфт ва зиёда аз як сол боз барои ҳаққу ҳуқуқи мардуми диёраш азму талош кард ва ба шарофати дастгирии ин мардум тӯҳмату фишоровариҳова таъқиботро аъзои ин созмон пушти сар карда, бисёр корҳоро ба анҷом расонид.
-Ҳоло бошад, фишороварию тӯҳматҳои нав бар зидди Созмон сар шуданд. Сабаб ин аст, ки аъзоёни “Ошкоро” ба як зумра роҳбарони солҳои карахтӣ , ки ба шаҳру мардуми он ҷафоҳои зиёд оварда буданду боз имрӯз лаҷоми сарвариро аз даст доданӣ нестанд, муросо кардан намехоҳанд, -гуфта мешуд дар ин Муроҷиатнома.

“Ошкоро”: Овози худро нотарсона бароред! Бас аст, 70 соли бо тарсу ваҳм зистан!Дар Муроҷиатнома зикр мегардид, ки давлати советӣ дар ягон қонун ё қарори худ ҳизби коммунистиро ба расмият нашинохта буд, зеро ин ҳизб давлатро бо роҳи зӯрӣ ба даст дароварда, то ҳол ҳукмронӣ мекунад. Дар фарҷом аз сокинони вилоят, шаҳр ва ноҳияи Кӯлоб даъват ба амал меомад, ки созмони худро аз фишорҳои навбатии ҳизби коммунист муҳофизат кунанд.
-Овози худро нотарсона бароред! Бас аст, 70 соли бо тарсу ваҳм зистан!-гуфта мешуд.
Аъзоёни созмони “Ошкоро” дар ин Муроҷиатнома қавл медоданд, ки то ҷон дар рамақ доранд, баҳри ободии шаҳру вилоятва беҳбудии мардуми заҳматкаши он мубориза хоҳад бурд ва умедвор аст, ки дар рӯзҳои вазнин Шумоёнонро дастгирӣ хоҳед кард.

Аз маърӯзаи Котиби якуми комитети партиявии шаҳри Кӯлоб А. Ашӯров дар конференсияи 33-юм (31 –уми марти соли 1991).
Аз вазъият истифода бурда, як гуруҳ шахсон, ки бо ҳар гуна сабабу баҳона дар ҳеч куҷо кор намекунанд, созмони ғайрирасмии ҷамъиятӣ–сиёсӣ ташкил карданд, ки он “Ошкоро” ном гирифт. Дар ибтидои фаъолият созмон талабҳое пеш гузошт, ки ба азму иродаи сокинони шаҳр мувофиқат мекарданд. Дере нагузашта, созмони “Ошкоро” талабҳое мегузоштагӣ шуд, ки иҷрояшон ба салоҳияти ташкилотҳои ҳизбию шӯравии шаҳр дохил намешуд ва ё дар айни ҳол имконнопазир буданд. Сабаби афзудани амалиёти иғвогаронаи созмони ғайриасмӣ дар он буд, ки сари вақт ба он зарбаи қатъӣ зада нашуд. Баҷои онки коркунони фронти идеолгӣ мақсадҳои ғаразноки онҳоро фош созанд, мушоҳидакориро пеша карданд.

Мебоист дар ин ҳолат ҳамаи қувваҳои солими ҷамъиятӣ якҷоя амал мекарданд ва пеши роҳи васеъшавии фаъолияти созмони ғайрирасмиро мегирифтанд. Мутассифона ҳам дар кумитаи ҳизбӣ, ҳам дар комиҷроия ва ҳам дар колективҳои меҳнатӣ ин тавр накарданд. Ҳаминро бояд қайд намоям, ки принсипи ягонаи сиёсӣ дар фаъолияти бюрои кумитаи ҳизбии шаҳр дида нашуд. Органҳои маъмурӣ бошанд дар ҳаққи вайронкунандагони тартиботи ҷамъиятӣ, дар ҳаққи онҳое, ки муҳити ҷамъиятиро носолим мегардонанд, саривақт чораи зарурӣ надиданд. Ба ин ҳолат афтидани коркунони идеологӣ, муҳофизони қонун ва қуваҳои дигари солими ҷамъиятӣ фақат як сабаб дошт: ба вазъияти сиёсиву ҷамъиятӣ дар шароити вусъат ёфтани демократияю ошкорбаёнӣ баҳои даркорӣ дода натавониста, аксарият раҳгум заданд ва чӣ кор карданашонро надониста монданд. Ҳайати кумитаи ҳизбии собиқ вилояти Хатлон ба ҳайати созмон дохил кардани котиби идеологии шаҳр ва ҷонишини раиси комиҷроияро салоҳ донист. Вазъияти ба амал омадаро ба назар гирифта, кумитаи ҳизбии шаҳр маҷлиси фаъолони ҳизбиро гузаронд, ки дар он “дар бораи вазъияти сиёсӣ дар шаҳрва вавазифаи фаъолони ҳизбӣ оид ба мӯътадилгардондани он” масъала муҳокима карда шуд.

Дар маҷлис ба фаъолони созмони ғайрирасмӣ ва вазъияти сиёсии шаҳру ноҳия баҳои даркорӣ дода шуд. Вале ин тадбир ҳам муҳити ҷамъиятию сиёсии шаҳру ноҳияро пурра мӯътадил нагардонд. Дар ошкор сохтани амалиёти ба шӯроварандаи созмон газетаи шаҳрии “Роҳи ленинӣ” (Ш. Ёдгорӣ) кӯмак расонда метавонист. Аммо газета ин тавр накард. Ба ҷои фош сохтани созмони ғайрирасмӣ мақолаҳое чоп кард, ки ба аъзоёни созмон қувваю рӯҳбаландӣ мебахшид. Ба он нигоҳ накарда, ки газетаи “Роҳи ленинӣ” органи кумитаи ҳизбии шаҳр ва Шӯрои депутатҳои халқии шаҳр ба ҳисоб меравад, бо кумитаи ҳизбӣ ҳамкорӣ накард Кумитаи ҳизбӣ бошад барои пурзӯр намудани роҳбарии сиёсӣ ба газета тадбире наандешиданд. Ҳол он ки газета ҳамчун органи кумитаи ҳизбӣ вазифадор буд, ки роҳи сиёсии дар марҳилаи ҳозира пешгирифтаи ташкилоти ҳизбиро инъикос намояд, барои солимгардонии муҳити ҷамъиятӣ мубориза барад.

Ҳамин мухолифати созмони “Ошкоро” аз ибтидои фаъолияташ обрӯи онро дар миёни як қисм сокинони минтақаи Кулоб, ки аз сиёсати роҳбарони давр розӣ набуданд, боло бурд. Бархе фаъолони “Ошкоро” солҳо қабл ба ин хулоса расида буданд, ки ҳама гуна кушиши адолатхоҳӣ дар Тоҷикистон аз ҷониби роҳбарони вилоят ва ҷумҳурӣ бераҳмона саркӯб мешавад, ҳарчанд ки талабҳои эшон сиёсӣ набуданд.
Мӯҳр
Ман
Хамин акса дигар монед. Гуё акси ягон чабрдидаро мебинем

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)