Отамбоев: Аз Э.Раҳмон хостам масоили марзиро дар 2 сол ҳал кунем
Алмосбек Отамбоев, раисиҷумҳури Қирғизистон, имрӯз, 24 декабр дар нишасти матбуотии солонааш ба масоили марзӣ бо Тоҷикистон дахл кардааст.
Отамбоев дар суҳбат бо хабарнигорон масоили марзиро мураккаб хонда, аз пешрафтҳо дар ин самт истиқбол кардааст. Ӯ зикр кардааст, ки рӯзи душанбеи 21 декабр бо Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар Маскав суҳбат доштаст ва хостааст, ки мушаххасозии марз тезонида шавад: “Пешрафтҳо дар ин самт ҷой доранд. Танишҳои марзӣ 2-3 баробар камтар шудаанд. Ман аз Эмомалӣ Раҳмон хостам ин масъаларо зери назорат гирад”.
Феълан ба ҳалли масоили марзӣ комиссияи байниҳукуматии ду кишвар машғул аст, ки роҳбарии ҳайати Тоҷикистонро Азим Иброҳим, ноиби сарвазир ба уҳда дорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |