Бахшҳо
25 дек 2015 13:56Тоҷикистон / Сиёсат

Дидгоҳ аз Душанбе: Барномаи ҳастаӣ поёни баҳси Эрон бо Ғарб нест

Ҳосили созиш миёни Эрон ва кишварҳои Ғарб, маъруф бо гуруҳи “Панҷ бар изофаи як” дар тобистони соли 2015 поёни баҳси Эрон бо кишварҳои Ғарб, аз ҷумла Амрико нест. Ин нукта, имрӯз, 25 декабр дар мизи гирди Коршиносони масоили Эрони муосир дар Пажӯҳишгоҳи шарқшиносии Фарҳангистону улуми Тоҷикистон садо дод.

Раҳматулло Абдуллоев, коршиноси шуъбаи низоъшиносии минтақавии Пажуҳишгоҳи шарқшиносии Фарҳангистони улуми Тоҷикистон, ки дар ин нишаст дар мавзуъи барномаи ҳастаии Эрон суҳбат мекард, изҳор дошт, ки барномаи ҳастаии Эрон як ҷузъи мушкили Ғарб бо Эрон аст ва баҳси Эрон бо кишварҳои ғарбӣ фаротар аз барномаи ҳастаӣ мебошад.

Дидгоҳ аз Душанбе: Барномаи ҳастаӣ поёни баҳси Эрон бо Ғарб нестАбдуллоев афзуд: “Албатта мо бисёр хушбин ҳастем, ки чунин як созиш ҳосил шуд. Вале ба ҳеч сурат тавофуқи ба дастомада поёни баҳси барномаи ҳастаии Эрон бо кишварҳои ғарбӣ нест. Агар тамоми бандҳои ин созишнома ҳам татбиқ шавад боз мавзуоти дигаре ба унвони мушкили Эрон бо кишварҳои ғарбӣ қарор мегаранд, ки инҳо метавонанд мавзуоте чун ҳуқуқи инсон, ҳуқуқи аққалиятҳои мазҳабӣ ва ғайра бошанд”/

Ба ақидаи коршиносон мавқеи ҷуғрофӣ ва геополитикии Эрон боис ба он шуда, ки ин ҳама мушкилро бо ҳамсояҳои худ ва кишварҳои қудратманди олам, пеш аз ҳама ҷаҳони Ғарб дошта бошад.

Дидгоҳ аз Душанбе: Барномаи ҳастаӣ поёни баҳси Эрон бо Ғарб нестБа назари Исмоил Раҳматов, устоди донишгоҳи словянии Тоҷикистону Русия омили аслӣ дар мушкили Эрон бо кишварҳои ғарбӣ ин имконоти ба унвони як кишвари марказӣ дар минтақа рушд кардани Эрон мебошад.

“Шумо бибинед, дар кишварҳоии шӯравии собиқ Русия давлати марказӣ аст, дар доираи Иттиҳоди Аврупо ҳамин хусусиятро Олмон дорад ва дар қолаби НАТО ИМА ин мавқеъро соҳиб аст. Дар сатҳи минтақаи Ховари Миёна Эрон метавонад як давлати марказӣ бошад”.

Ба назари коршиносон баҳси Эрон бо Ғарб метавонад вориди марҳилаи сифатан нав, вале мазмунан куҳна бигардад.

Агар барномаи ҳастаӣ ва ба истилоҳ, баҳси силоҳи ҳастӣ масъалаи марказӣ дар баҳси Эрон бо кишварҳои Ғарб мебуд ва ё Ғарб аз тавсеи силоҳи ҳастаӣ дар ҷаҳон бисёр нигарон мебуд, мо шоҳиди гаштугузори озодонаи Усома ибни Лодан ва гуруҳҳои террористии дигар дар чандқадамии силоҳҳои ҳастаи Покистон намебудем,- мегӯяд Қосими Бекмуҳаммад рӯзноманигор ва яке аз гардонандаҳои ин мизи гирд.

“Шумо бибинед, ки бо вуҷуди ба даст омадани ҳамин созиш ҳам то кунун расонаҳои муътабари олам, ки аксаран марбути кишварҳои Ғарб мебошанд аз Эрон чеҳраи мусбат наметарошанд. Ва бар асоси як назарсанҷӣ дар ИМА баъди ҳамин созиш 62 дар сади мардуми ин кишвар Эронро барои худ хатар шинохтаанд, дар ҳоле ки пеш аз тавофуқи ҳосилшуда ин омор 49 дар сад буд”.

Бояд гуфт, ки дар тобистони имсол Эрон дар натиҷаи музокироти тӯлонӣ бо кишварҳои ғарбӣ ба тавофуқ расид, ки аз барномаи ҳастаияш бо мақсадҳои мусолиматомез истифода мебарад, вале дар раванди эҳдоси ин барномаи маҳдудият ҷорӣ мекунад ва кишварҳои ғарбӣ низ таҳримоти шадиди иқтисодиву низомиеро, ки дар баробари Эрон ҷорӣ карда буданд, бекор менамоянд.

Барномаи ҳастаии Эрон аз мавзуъҳои меҳварии баҳсӣ миёни ин кишвар ва кишварҳои ғарбӣ, аз ҷумла ИМА дар ду даҳсолаи ахир мебошад, ки муносиботи Эронро бо ин кишварҳо ба тундӣ гаройонда буд. Ҳарчанд Эрон борҳо эълом дошта буд, ки ин барномаро бо мақсадҳои сулҳомез пиёда мекунад, вале кишварҳои Ғарбӣ мегуфтанд, ки ҳадафи Эрон аз ин барнома истеҳсоли силоҳи ҳастаӣ мебошад.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)