Заминларзаи 6,2 баллӣ Тоҷикистонро ҳам такон дод
Маркази зилзилашиносии Тоҷикистон мегӯяд, соати 00:16-и шаби 26 декабр дар ҳудуди ноҳияи Ишкошими вилояти Бадахшони Афғонистон дар 350 километрии ҷанубу шарқи Душанбе заминҷунбии 6,2 балӣ рух дод.
Тибқи иттилои манбаъ иқтидори заминларза дар маркази он, ки дар 142 километрии ҷануби шаҳри Хоруғ будааст, 6,2 бал, дар Бадахшони Тоҷикистон 5 бал ва дар шаҳри Душанбе 3-4 балро ташкил додааст.
Тибқи гузоришҳо дар пайи ин заминҷунбӣ бархе биноҳо дар Афғонистону Покистон хароб шуда, даҳҳо нафар дар беморхона бистарӣ шудаанд. Аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон ба “Озодагон” хабар доданд, ки дар қаламрави кишвар то ҳол хисоротеро ба қайд нагирифтаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |