Душанбе ва Тошканд машваратҳои сиёсиро роҳи ҳалли мушкилот хонданд
Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, 24-25 декабри соли 2015 дар шаҳри Душанбе машваратҳои сиёсӣ бо Узбакистон баргузор гардиданд.
Тибқи иттилои ин ниҳод ҳайатҳои Тоҷикистону Узбакистон таҳти роҳбарии муовинони вазирони корҳои хориҷӣ рушду таҳкими ҳамкориҳо дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, нақлиёту коммуникатсия ва фарҳангу гуманитариро баррасӣ намуданд.
Манбаъ мегӯяд, зимни машварат таъкид шуд, ки ҳар ду ҷониб аз зиёд намудани номгӯи маҳсулот ва хизматрасониҳо дар тиҷорати мутақобила манфиатдор мебошанд. Инчунин ҷониби Тоҷикистон ба талошҳои Узбакистон барои таҳкими иқтидори Созмони Ҳамкории Шанхай баҳои баланд дод: “Ҷониби Узбакистон ба Тоҷикистон барои дастгирии раисии ин кишвар дар СҲШ арзи сипос намуд”.
Ба иттилои Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон зимни вохӯрӣ ҷонибҳо аҳамияти машваратҳои мунтазами сиёсиро чун омили муайянсозӣ ва дарёфти роҳҳои ҳалли масоили мавҷуда таъкид сохтанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |