Бахшҳо

Э.Раҳмон: Масҷиди ҷомеъи Душанбе соли 2018 ба истифода дода шавад (АКС)

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз, 26 декабр аз майдони сохтмони Масҷиди марказии ҷомеъи шаҳри Душанбе боздид карда, изҳор дошт, ки ин масҷид бояд соли 2018 мавриди истифода қарор гирад.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон зимни боздид ба Эмомалӣ Раҳмон иттиллоъ доданд, ки наздики 50 фоизи ҳаҷми корҳои сохтмонӣ иҷро шудааст.

Санги нахустин барои сохтмони ин масҷид моҳи октябри соли 2009 дар рӯзҳои таҷлили 1310 - солагии Имоми Аъзам ва Соли бузургдошти асосгузор ва пешвои мазҳаби таҳаммулгарои ҳанафӣ гузошта шуда буд.

Тибқи лоиҳа, ки бо назардошти унсурҳои бостонию муосири санъати меъмории тоҷикӣ ва ҷаҳонӣ омода гардидааст, масҷид аз 4 манораи баландиаш 75 метра ва гумбази 47 метра иборат хоҳад буд.

Ин масҷиди бузург дар майдони 7,5 гектар замин ҷойгир шуда, иборат аз биною мавзеъҳои намозхонӣ, китобхона, осорхона, толорҳои маҷлисӣ ва қабули меҳмонон барои мулоқоту гуфтушунидҳо хоҳад буд.

Дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, корҳои сохтмону васлгарӣ аз ҷониби ширкатҳои ватанӣ - пудратчии асосӣ Ҷамъияти Саҳомии Кушодаи “СТС - Иншоот” ва Ҷамъияти Саҳомии Кушодаи “Сомон таҷҳизот” анҷом ёфта, дар давраи бунёди масҷид беш аз 700 нафар бинокори маҳаллӣ бо кор ва маоши хуб таъмин мебошанд.

Ба иттилои манбаъ Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид дастур дод, ки корҳои сохтмону ороиш дар сатҳи меъёрҳои ҷаҳонӣ анҷом дода шаванд ва ин масҷид, ки бо тарҳи дар Осиёи Марказӣ нодир бунёд мегардад, бояд садсолаҳо ба насли оянда хизмат расонад.

Мӯҳр
Ассам
Ин сохтакорихо ба президент назебидааст

бе ном
Мо чавонон ба Пешвои худ бовари дорем.. [center][/center]

Хоркаш
Дуруст гуфтед. Аз баракати ин масҷид чандин кас соҳиби қасру дачаҳо шуданд ва шуда истодаанд. То соли ҳаждаҳ гуфта бошад ҷаноб, иншооллоҳ бисту ҳашт сохтмон тамом мешавад. То он вақт садҳо нафар соҳиби қасру дачаҳои нав мешаванд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)