Бахшҳо

Ҳаёт ва марги “двойник”-и Сталин дар Душанбе: Сталинро иваз мекардам...

Дар пасманзари 136-умин солгарди мавлуди Иосиф Сталин, ки 21 декабри соли равон таҷлил гардид, расонаҳои русӣ аз “двойник”, ё худ дугоники ӯ зикр кардаанд, ки барои ҳифзи ҷони ӯ хидмат карда, Сталинро дар бархе аз чорабиниҳо иваз менамудааст.

Нахустин бор аз дугоники Сталин аввали солҳои 80-уми асри гузашта “Газетт”-и чопи Монреал, аз маъруфтарин рӯзномаҳои Канада хабар додааст. Ба навиштаи “Газетт” дугоники Сталин муҳосиб аз шаҳри Виннитси Украина-Евсей Лубитский будааст, ки соли 1980-чанд моҳ пеш аз маргаш дар Душанбе сиррашро ба рӯзноманигори ғарбӣ нақл кардааст. Лубитский нақл кардааст, ки 15 сол-то соли 1952 дар хидмати Сталин будааст. Ба нақли Лубитский ӯро афроди амният аз хонаводааш ҷудо карда, давоми 6 моҳ дар бустонсарои Сталин тарроҳону дигар мутахассисон омода кардаанд. Ӯ гуфтааст, ки имтиҳони ниҳоиро Сталин гирифтааст ва нахустин бор Лубитский раҳбари шӯравиро дар мулоқот бо шахтёрҳои шотландӣ иваз намудааст.

Ба навиштаи расонаҳои Ғарб Сталин баъди сӯиқасдҳо ба ҷонаш дар солҳои 30-юми асри гузашта, ба истифодаи хидмати дугоник пардохтааст.

Ба навиштаи “Газетт” ва дигар расонаҳои маъруфи Ғарб Сталин гоҳе бо дугоник тобеинро масхара мекардааст. Аз ҷумла ҳангоми қабули Николай Ершов, раҳбари вақти амнияти давлатӣ ба курсии худ Лубитскийро шинонда, худаш аз паси парда ҳисоботдиҳӣ ба дугоникашро мушоҳида мекардааст. Инчунин боре Калинин ва Молотов низ ба ин дом ғалтидаанд.

Лубитский инчунин нақл кардааст, ки баъзан дар раҳпаймоиҳои оммавӣ ба ҷои Сталин мардумро аз Мавзолей истиқбол мекардааст ва касе ғайр аз Молотов, Каганович ва Маленков, ки дар наздаш меистодаанд, намедонист, ки ба ҷои Сталин дугоник истодааст.

Ба иттилои расонаҳои Ғарб Лубитский аввали солҳои 50-ум ҳабс шуда, баъди марги Сталин ба шаҳри Душанбе-Сталинободи онвақта фиристода шудааст. Гуфта мешавад, ки ӯ то охири умр-1981 дар Душанбе танҳо зиста, дар ин шаҳр даргузашта, ба хок супорида шудааст.

Баҳси таърихшиносҳо дар мавриди Лубитский то ҳол ҳам давом дорад, гарчанде Алексей Рибин, корманди бахши муҳофизатии Сталин ва дигар кормандони наздик ба Сталин ин иддаоро рад кардаанд.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)