Бахшҳо
28 дек 2015 10:40Тоҷикистон / Сиёсат

Дархости кумаки як зан аз президент: Барои ошкор шудани омилони марги писарам кумак расонед

Оишамоҳ Давлатова, як сокини ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон барои муҷозоти омилони марги писари 17-солааш аз Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон кумак хостааст.

Оишамоҳ Давлатова дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, баъди он ки мақомоти ноҳияи Ҳамадонӣ ба қазияи марги писараш - Холбой Бозоров расидагӣ накарданд, маҷбур шуд, ба президент нома нависад. Хонум Давлатова мегӯяд, соати 19-и шоми 31 октябр писараш барои мулоқот бо як духтари шиносаш рафт, аммо пас аз чанд соат хабари марги ӯро оварданд: “Вақте писарам бо он духтар мулоқот доштаст, Орзу Шарипов, язнаи духтар омада, ӯро мезанад”.

Ба гуфтаи Оишамоҳ Давлатова, Орзу Шарипов иддао дорад, ки писарашро латту кӯб накардааст, балки вақте Холбойро бо духтари хешаш дид, ӯ гурехт ва тақрибан 10-15 метр аз паси вай давид. Ӯ гуфта, ҳангоми давидан нохост афтид ва ба ҳалокат расид. Ташхиси тиббӣ ҳам сабаби марги Холбойро фишорбаландӣ гуфтааст. Гӯиё ӯ пешпо хурда, меафтад ва аз фишори баланд, қалбаш аз кор мемонад, аммо хонум Давлатова мегӯяд, ба ин бовар надорад: “Писари ман ҳеч вақт фишор надошт, ягон ҷояш ҳам дард намекард, варзишгар буд. Писарамро лату куб кардаанд”.

Модари Холбой меафзояд, дар беморхона корманди Шӯъбаи умури дохилии ноҳияи Ҳамадонӣ нагузошт, ки писарашро бинад, “аммо бародарам маҷбуран даромада дид. Мегӯяд, баданаш хунолуд буд. Писарамро дар зери макаш задаанд, паси сараш пури хун буд, то замони дафнаш аз баданаш хун мерафт”.

Ба қавли Оишамоҳ Давлатова, чандин маротиба ба мақомоти дахлдор, аз ҷумла додситонӣ ва Шӯъбаи умури дохилии ноҳияи Ҳамадонӣ дар робита ба марги фарзандаш муроҷиат кард, аммо парванда боз накарданд: “Барои марги фарзандам, боре маро даъват накарда, чизе аз ман напурсидаанд. Худам доим ба мақомот меравам. Дар прокуратура гуфтам, ҳамон духтарро биёред, то бо ӯ рӯбарӯ суҳбат кунам, аввал гуфтанд, ки чунин қонун нест, ки он духтарро бо шумо рӯбарӯ кунем. Вақте истодагарӣ кардам, духтарро оварданд. Аз вай пурсидам, ки вақте писарам наздат омад, аз саломатиаш шикоят кард? Духтар гуфт, ки “не”. Духтарро зуд аз наздам бароварданд, дигар намонданд, суҳбат кунам”.

Хонум Давлатова мегӯяд, чун ҳама медонанд, ки як деҳқони камбағал аст, ба додаш намерасанд, аз ин хотир аз раисиҷумҳур дархости кумак кард. Дар номаи ӯ ба президент аз ҷумла гуфта шудааст, “Аз Шумо Ҷаноби Олӣ эҳтиромона хоҳиш мекунам, ки оиди куштори писари ман Бозоров Холбой ба органҳои қудратӣ барои кушодани ҷиноят супориши махсус диҳед”.

Ин зан умедвор аст, дар пайи номааш, Эмомалӣ Раҳмон барои ба ҷавобгарӣ кашидани омилони марги фарзандаш ба мақомот дастур медиҳад.

Дар ҳамин ҳол, дар Шӯъбаи умури дохилии ноҳияи Ҳамадонӣ аз суҳбат дар мавриди ин қазия худдорӣ карданд.
Мӯҳр
Дар як чи ман хайрат да мемонам барои чи дар Точикистон мушкили мардумро гайри президент дигар кас хал карда наметавонад? Магар дастури президент хаст ки гайри ман дигар хеч кас хак надорад мушкили мардумро бартараф кунад? Охир мо дар хамачо овозмон баланд аст ки давлати мо демократии озод хаст дар давлатхои демократии мушкили мардумро раисон ва ё депутатон хал мекунанд.. Кариб харуз дар сомонахо ва ё газетхо нигох мекунам нома ба президент ва ё ба дод мон расед чаноби Оли.. Ин худ як давлати демократи хукукбунёдро шарманда МЕКУНАД. Наход суду прокурор мушкили мардумро хал накунанд. То ба кай мардум нома менависанд ба раиси чумхур?

Ситора
Апаи Оишамох бовар бикун ба додат хеч кас намерасад Факат аз Худованд талаб бикун ки дар ин дунё ё дар Охират Худованд Чазояшон дихад

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)