Бахшҳо
28 дек 2015 16:19Тоҷикистон / Сиёсат

Сафир дар бораи сабти “Россия сегодня” дар Тоҷикистон: Ҳанӯз умед ҳаст...

Игор Лякин-Фролов, сафири Русия дар Душанбе сабти номи хабаргузории “Россия сегодня”-ро дар Тоҷикистон масъалаи дарднок хонд, ки бо гузашти як сол ҳал нашудааст.

Фролов имрӯз, 26 декабр дар мулоқот бо хабарнигорон дар Душанбе гуфт, барои суръат додани сабти номи намояндагии “Россия сегодня” дар Тоҷикистон чанд маротиба ба Вазорати умури хориҷӣ муроҷиат кардаанд: “Аммо то ҳол посухи дақиқе нагирифтаем. Танҳо шарҳ медиҳанд, ки масъала дар ҳоли баррасӣ ҳаст. Дар ҳамин ҳол як сол гузашт”.

Сафири Русия дар идома изҳор дошт, ҳанӯз умед доранд, ки ин масъала ҳал мешавад, чун ба гуфтаи ӯ "умед аз ҳама охир мемирад".

Игор Лякин-Фролов мегӯяд, роҳбарияти “Россия сегодня” тасмим гирифтааст, барои инъикоси масоили Тоҷикистон сомонаро на бо домени тоҷикӣ - tj, балки бо домени sputnik.tajikistan.com фаъол кунад: “Дар Тоҷикистон чанд хабарнигоре мемонанд, ки бо "Россия сегодня" ҳамкорӣ хоҳанд кард”.

Ин дар ҳолест, ки ахиран масъулини “Россия сегодня” эълон карданд, аз азмашон барои ифтитоҳи намояндагӣ дар Душанбе даст кашида, бархе аз хабарнигоронро аз аввали соли нав ҷавоб хоҳанд дод.
Мӯҳр
Сафир лофи беҳуда мезанад.
Дар асл Россия сегодня пуле надорад дастгоҳи марказии худро таъмин кунад, ҳоло сарашон дар бало мондаги, ки ин кадар журналисту репортерхои хоричиеро ки ба кор гирифтаанд чи тавр хакки корашонро пардохт кунанд. Барои фахмидани таги масъала хамин кофист, ки бидонем як журналист ё диктори хоричи дар Россия сегодня дар як моҳ зиёда аз 5 ҳазор доллар фақат маош мегирад.
Ин хамааш бахона аст сабти ном накардан. Россия сегодня алакай ба фурухтани активҳояш оғоз кардааст. Зинда бод кризис!!

Оқои Хоркаш, "саломат" бошеду хоркаширо идома бидиҳед.
Як солу бештар аз он банда дар ҳамин расона ифои фаъолият дорам. Ба кризису лофи сафир коре надорам, аммо ба самъи шарифатон мерасонам, ки:
"5 ҳазор доллар дар як моҳ маоши се хабарнигори бахши тоҷикӣ, инфографик, муҳаррири масъул, муҳосиб ва суратгир дар якҷоягӣ мебошад. Яъне, ҳаққулзаҳмати 7 нафар".
Аҷаб замонае даррасида, ҳама дар тӯҳмату дурӯғгӯйӣ дасти тамом пайдо кардаанд. Худо аз ин бад накунад...Хоркаш,

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)