Таҳдиди ал-Бағдодӣ ба Исроил: ...онҷо давлати исломӣ таъсис медиҳем
Абубакр ал-Бағдодӣ, раҳбари гуруҳи террористии “Давлати исломӣ” дар як сабти садоӣ ба исроилиҳо таҳдид карда, гуфтааст, базудӣ ҷангиёнаш дар Фаластин пайдо шуда, он ҷо давлати исломӣ таъсис медиҳанд.
Ба навиштаи рӯзномаи исроилии “Ҳааретс”, бо назардошти бархе аз ишораҳои Бағдодӣ ин сабт, ки ахиран дар интернет нашр шуд, пас аз оғози ҳамлаҳои ҳавоии Русия дар Сурия анҷом шудааст. Ӯ дар ин сабт гуфта, ки зарбаҳои амрикоӣ ва русӣ гуруҳи ӯро қавитар кардаанд.
Ин нахустин сабти садоии Бағдодӣ дар ҳафт моҳи ахир аст. Бархе аз расонаҳо навишта буданд, ки моҳи октябр дар пайи мушакборони неруҳои ироқӣ ӯ сахт захмӣ шудааст. Пештар дар бораи марги вай ҳам хабарҳо нашр шуда буд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |