Бахшҳо

Вакили дифоъ: Саидумар Ҳусайнӣ бо парванда шинос шуд. Худро гунаҳгор намеҳисобад

Саидумар Ҳусайнӣ, муовини аввали раиси ҳизби фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ (ҲНИТ) бо айбномаҳои Додситонии кулл шинос шудааст. Ситора Азизова, вакили дифои оқои Ҳусайнӣ имрӯз, 29 декабр дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, пас аз он ки дар додситонии кулл бо парванда алайҳи зерҳимояаш шинос шуд, ҳамроҳ бо муфатишу роҳбари гуруҳ назди ӯ рафтанд: “Саидумар Ҳусайнӣ пурра бо парванда шинос шуда, зери он имзо гузошт. Ӯ худро гунаҳгор намеҳисобад”.

Хонум Азизова афзуд, дар назар аст додгоҳ давоми як ё ду моҳ парвандаҳоро омӯзад.

Додситонии кулли Тоҷикистон алайҳи Саидумар Ҳусайнӣ, муовини аввали раиси ҳизби фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ (ҲНИТ) бар асоси 14 моддаи Кодекси ҷиноятӣ парванда боз кардааст. Оқои Ҳусайнӣ аз ҷумла дар ташкили иттиҳоди ҷиноӣ, иштирок дар ин иттиҳод, барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, динӣ ва маҳалгароӣ, даъвати оммавӣ барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионии Тоҷикистон, тахрибкорӣ, тасарруфи силоҳ, лавозимоти ҷангӣ, моддаҳои тарканда ва воситаҳои таркиш муттаҳам мешавад.

Саидумар Ҳусайнӣ ҳамроҳ бо 12 тан аз фаъолони дигари ҲНИТ баъд аз исёни муовини собиқи вазири мудофиа – Абдуҳалим Назарзода ё “Ҳоҷи Ҳалим” боздошт шуд. Додситонии кулли Тоҷикистон аввалҳои моҳи октябри соли равон гуфт, алайҳи дастгиршудаҳо бо иттиҳоми терроризм, ташкили иттиҳоди ҷиноятӣ, барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ, ба таври зӯроварӣ ғасб намудани ҳокимият ё бо зӯроварӣ нигоҳ доштани ҳокимият, даъвати оммавӣ барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионӣ, исёни мусаллаҳона ва чанд моддаи дигари Кодекси ҷиноятӣ парванда боз шудааст.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)