Мусодираи маводи мухаддир аз ду сокини Ҳамадонӣ
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти ду бошандаи вилояти Хатлон бо иттиҳоми муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор хабар медиҳад.
Бино ба иттилои ин ниҳод, дастгиршудаҳо сокини ноҳияи Ҳамадонӣ буда, яке 24 ва дигарӣ 37 сол доранд: “Дар вақти кофтуков, аз гумонбаршудагон дар маҷмӯъ 4 килою 050 грамм маводи нашъадори ҳашиш дарёфт ва мусодира карда шуд”.
Манбаъ мегӯяд, аз рӯи ин далел дар асоси моддаи 200-и Кодекси ҷиноӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтишот идома дорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |