"4%-и қирғизистониҳое, ки дар Сурияву Ироқ меҷанганд, тоҷиктаборанд"
Чор дарсади шаҳрвандони Қирғизистон, ки дар набардҳои мусаллаҳонаи кишварҳои Ховари Миёна иштирок доранд, тоҷик ҳастанд. Ин нукта дар гузориши “Қирғизистон-2015: арқом ва далел” таъкид шудааст, ки онро Дастгоҳи раёсатҷумҳури ин кишвар таҳия кардааст.
Дар ин гузориш гуфта мешавад, “дар ҳоли ҳозир дар амалиётҳои ҷангии Ховари Миёна 430 шаҳрванди Қирғизистон иштирок доранд ва ин рақам дар ҳоли афзоиш аст”.
Ба иттилои манбаъ, аз ин рақам 70 дарсадашро узбактаборон, 22% қирғизҳо, 4% тоҷикон ва 4 дарсади дигарро уйғурҳо ташкил медиҳанд. Дар гузориш омадааст, ки шаҳрвандони Қирғизистон аслан тавассути Туркия, Русия, Афғонистон ва кишварҳои Аврупо ба кишварҳои Ироқу Сурия мераванд.
Ин дар ҳолест, ки Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилӣ аснои мулоқот бо ҷавонону сокинони ноҳияи Роштқалъа дар моҳи декабри соли 2015 гуфта буд, дар низоъҳои мусаллаҳонаи Ироқу Сурия бештар аз 600 шаҳрванди Тоҷикистон иштирок доранд. Ба қавли вазир, аз ин теъдод “баъди бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ” 50 нафар бо ихтиёри худ ба Тоҷикистон баргашта, “ба ҳаёти осоишта машғуланд”. Ӯ афзуда, талош доранд, ҷавонони дигарро ҳам бо роҳҳои фаҳмондадиҳӣ баргардонанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |