Бахшҳо

Баромади Ҳалимов алайҳи Путин, Кабирӣ, Шоҳ Искандар... ва шарҳи хомӯшии тӯлонӣ

Гулмурод Ҳалимов, собиқ командири “ОМОН”-и Тоҷикистон баъди хомӯшии тӯлонӣ рӯзи 1 январи соли равон тариқи пойгоҳи садоии Zello аз худ дарак дода, нодаркор шуданаш барои ДИИШ-ро рад кардааст.

Ҳалимов, зимни ин суҳбат иддаоро, ки баъди маҷруҳшавӣ дигар барои созмони террористии “Давлати исломӣ” даркор несту дар як ҳоли зор қарор дорад, рад карда, хомӯшии тӯлонияшро ба таъмини амнияти худ рабт додааст.

Дар садои нашршудаи Ҳалимов, ки аслӣ буданаш дақиқ нест, Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ дар Тоҷикистон шиа хонда шудаааст: “Кабирӣ шиа буданашро нишон дод. Ақалан “Давлати исломӣ” меомад, тавба мекард, мо истиқболаш мекардем”.

Ҳалимов инчунин Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия ва Рамазон Қодиров, раҳбари Чеченистонро душмани ислом ва мусалмонон хондааст. Ӯ инчунин алайҳи Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламо ва Шоҳ Искандар, собиқ қумандони мухолифин ва генералии феълии милисаи тоҷик баромад кардааст.

Гулмурод Ҳалимов, ки 27-уми майи соли 2015 пас аз як моҳи бедарак шуданаш тариқи навори видеоӣ дар интернет аз пайвастанаш ба ДИИШ иттилоъ дод, феълан бар асоси 5 моддаи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон мавриди кофтукоби байналмилалӣ қарор дорад. Ҳалимов тариқи навори видеоӣ сокинони Тоҷикистонро ба кофарӣ муттаҳам карда, ваъдаи қатли онҳоро дод. Ба иттилои дафтари матбуоти Додситонии кулли Тоҷикистон, феълан нисбат ба Ҳалимов бо иҷозаи додгоҳ “чораи пешгирӣ дар намуди ҳабс ба таври ғоибона” татбиқ гардида, ҳоло исми ӯ дар кофтукови байналмилалӣ қарор дорад.
Мӯҳр
Вокебин
Эээ чида ак гулмулод тои вакта ба видио мурочиат мекард ин дафа бо садо тари ки зело ин сохта аст чу мукарамро дар ичо ворид кардан ки бо кабири салом кард

Ба Гулмурод
Ту дигар кор надори ба чуз гаибат ва фитна?
Якбор бубин худут чи кор ё хидмат кадаи боз рафта плани кофирора буд кадести да сарзамини мусалмонхо
Хак бошед ё барои Худо бошад кортон рафта фаластинда ёрдам кунед

точик
Озодагон аллох хаму забонтона гунг гардона ай аллох наметарси давлати исломира тераристи меги и русияи бадбахт тамоми кудакои мусулмонора бомба борон кардестай куштестай ино терарист нею мусулмони хакики терарист

Ман ба ин бовар надорам айни хол хама дуруг гуй шудаст аз мачалахо то тв ма ба инхо бовар надорам на ба мачалахо на ба тв на ба радио feel

тоҷик
як нуктаро таваҷҷуҳ кунед
таҳдид ба Шоҳискандар + ҳоҷи Ҳалим ду руз пас аз "исён" дар Регар ва ...
пас навбати Шоҳ ҳам расидестай!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)