Бахшҳо
07 янв 2016 14:49Тоҷикистон / Акс / Тема дня

АКС: Навбатпоӣ барои хариди доллари арзон дар маркази Душанбе

Қурби як доллари амрикоӣ дар бозори пасипардагии нақд дар Тоҷикистон имрӯз, 7-уми январ то ба 8,25 сомонӣ расид.

Дар ин бора ба “Озодагон” корафтодаҳо хабар дода, афзуданд, ки “бо ин нарх ҳам доллар дар Душанбе камёфт аст”. Ин дар ҳолест, ки расман Бонки Миллии Тоҷикистон барои 7 январ қурби як доллари амрикоиро 7,19 сомонӣ, як евро-7,74 сомонӣ ва 1000 рубли русиро 102 сомонӣ муайян намудааст. Аммо дар амал доллар аз қурби муайянкардаи Бонки миллӣ барои евро ҳам қимматтар фурӯхта мешавад.

Корафтодаҳо мегӯянд, долларро зуҳри имрӯз, 7 январ “Спитаменбонк” дар маркази Душанбе бо арзиши 7,69 сомонӣ ба фурӯш гузошт. Яке аз харидорони доллар, ки дар назди Спитаменбонк навбат меистод, ба “Озодагон” изҳор дошт, ки масъулин баъди зиёд шудани харидорон фурӯши долларро тариқи рӯйхат ба роҳ монданд ва дар охир изҳор доштанд, ки доллар тамом шуд.

Ахиран Бонки Миллии Тоҷикистон ба қонунгузории кишвар тағйиру иловаҳоеро пешниҳод намудааст, ки барои фурӯши асъори хориҷӣ дар берун аз бонк ҷавобгарии ҷиноятиро пешбинӣ менамояд. Аммо мушоҳидон мегӯянд, вақтҳои охир фурӯши қимати доллар аксаран дар худи намояндагиҳои бонкҳои тиҷоратӣ сурат мегирад.


АКС: Навбатпоӣ барои хариди доллари арзон дар маркази Душанбе

АКС: Навбатпоӣ барои хариди доллари арзон дар маркази Душанбе
Мӯҳр
асрор
кудрат ва бузургии ИМА ва президенташ ОБАМА низ дар хамин аст.... чахон барои пулашон дар навбат меистад!!!!!!! инро давлатдори мегуянд.

Имруз дар Бонки -Спитамен навбат буд хамагон мегуфтанд , ки ин (афераи бонки ) дуруг аст як намуди рекламаи бонк !!! Хангоми пур шудани одамон бонк зуд долллллархои худро акибнишини карданд.Рекламаи бонк имруз бар аъло буд. Фардо чи хилла мекарда бошанд? Дар тамоми бонкхо доллар курби хелллллллло зиёд дошта ба хар кас муясар намешавад он долларро дастрас намояд . Дар чустучуи доллари осмондида хастам. Точикон мо интизори дигаргуни аз тарафи кулли Бонкхои Точикистон хастем. Мувафакият ба касбу кори хамагон.!

Агар аз хорич бонкхоро хавасманд мекардан ба ируз намерасидем.

Илхомуддин
Имруз бояд ба вазьи иктисоди дуруст бахогузори намуд. Фуруши асьори хоричи тавассути бонкхо ин дар аксарияти давлатхои мутаркаки ва таракикарда барои танзими асьори истифода мешавад. Дигар ин , ки болоравии курби асьори хоричи вобаста аст ба бухрони иктисодие, ки чахонро фаро гирифтааст инчунин муносибатхои геосиесии абаркудратхо барои сохиб шудан ба мавкеьи устувортар дар чахон. Спитаменбанк бошад, низ дар катори дигар муассисахои молиявию карзии кишвар сиесати БМТ-ро пеш бурд истодааст. БМТ низ дар вобастаги ба ин бухронхо чорахои зарури андешида истодааст , ки аз чумла онхо ин созишномахои СВОЙ бо Чин ва танзими фаьолияти ханнотон тавассути нуктахои хариду фуруш махсуб мешавад, ки инро нодида гирифтан бетарафи ба рушди иктисоди аст.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)