Бахшҳо

Қарори нави Бонки Миллӣ дар бораи бонки Самихон Қурбонов

Муҳлати мудирияти муваққатии кормандони Бонки Миллӣ дар “Фононбонк”, ки баъди боздошти раҳбари пешии он- Самихон Қурбонов ташкил шуд, тамдид гардид.

Бонки миллии Тоҷикистон бо қарори нави худ аз 30 декабри соли 2015 муҳлати фаъолияти маъмурияти муваққатӣ дар «Фононбонк»-ро барои се моҳи дигар тамдид намудааст.

Маъмурияти муваққатӣ дар “Фононбонк” моҳи октябри соли гузашта, баъди боздошти раҳбари он - Самихон Қурбонов ташкил шуд. Қурбонов, ки аз наздикони Саидумар Ҳусайнӣ, муовини боздоштшудаи раиси Ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ мебошад, дар иртибот ба фаъолияти гуруҳи террористии Ҳоҷӣ Ҳалим боздошт гардида, ба қавли наздиконаш, баъди бозпурсии чандрӯза раҳо гардид.

Аммо Бонки Миллии Тоҷикистон бо ишора ба мушкили молӣ дар “Фононбонк” изҳор дошта буд, ки муваққатан дар ин бонк маъмурияти навро таъин кардааст. Бонки Миллӣ рӯзи 5 октябри соли гузашта дар шарҳи ин иқдомаш изҳор дошта буд, ки бо мақсади беҳтар кардани вазъи молиявии “Фононбонк” ва ҳимояи манфиатҳои пасандоздорон ва қарздеҳони он аз 2 октябри соли равон дар “Фононбонк” маъмурияти муваққатиро ба муҳлати се моҳ таъин намуд: “Мутобиқи қарори қабулшуда ҳайати маъмурияти муваққатӣ аз ҳисоби кормандони ботаҷрибаи идораҳои марбутаи Бонки миллии Тоҷикистон ташкил карда шудааст”.

Ба иттилои манбаъ, ба маъмурияти муваққатӣ дастур дода шудааст, ки фаъолияти худро дар асоси қонунгузории ҷумҳурӣ ба роҳ монда, барои беҳтар кардани вазъи молиявии ҶСП “Фононбонк” чораҳои зарурӣ андешад.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)