Бахшҳо

Абдулқодирзода гуфт, бо шарофати президент бори аввал дохили Хонаи Худо шуд

Сайидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон мегӯяд, дар 15 маротибаи зиёрати Хонаи Худо, бори нахуст имкон ёфт, дохили хонаи рамзии Худованд – Каъбатуллоҳ бишавад. Ӯ аснои суханронӣ қабл аз оғози намози ҷумъа дар Масҷиди марказии Душанбе рӯзи 8 январ гуфт, ин кор “бо фазли парвардигору шарофати Ҷаноби Олӣ” имконпазир гардид.

Қисмати аслии суҳбати оқои Абдулқодирзода дар намози ҷумъа ба зиёрати хонаи Худо аз сӯйи ҳайати бузурги Тоҷикистон, бо раҳбарии Эмомалӣ Раҳмон ва меҳмоннавозии Арабистони Саудӣ ихтисос ёфт. Ба таъкиди ӯ, шоҳи Арабистони Саудӣ 300 сарбозро барои ҳифозати ҳайати давлати Тоҷикистон ҳангоми адои Ҳаҷҷи умра муваззаф карда, дари рамзии хонаи Худоро ба рӯи онҳо боз кард. Муфтии Тоҷикистон гуфт, борҳо ба конфронсҳои байналмилалӣ ба ин кишвар даъват шуда ва пешвозгирии бисёре аз раҳбарони давлатҳоро тавассути шабакаҳои арабӣ дида буд, аммо меҳмоннавозии ҳайати Тоҷикистон дар сатҳи баланд сурат гирифту аз он ҳама ба куллӣ фарқ мекард.

Сайидмукаррам Абдулқодирзода дар идома аз хайрхоҳии Эмомалӣ Раҳмон тавсиф намуд, ки ба гуфтаи ӯ, дар “протокол” барои зиёрати Каъбатуллоҳ на се-чор тан аз наздикон, балки тамоми ҳайатро ворид намуд: “Қалби васеъу хайрхоҳро бинед, ки барои ҳамаи ҳайат иҷозат бигирифт”.

Раиси Шӯрои уламо гуфт, Эмомалӣ Раҳмон ҳам аснои зиёрати Хонаи Худо ва ҳам дар намозҳояш ҳамеша барои халқу миллат дуо кард: “Худам, фарзандам нагуфтанд, бародарам нагуфтанд, дар ҳаққи халқу миллат дуо карданд. Вақте дар Марваву Сафо ҳам будем, гуфт, ки барои халқу миллат дуо кунед, зеро мо бо ин миллат зинда ҳастем, бо миллатамон саодатманд ҳастем ва бо онҳо ифтихор мекунем”.

Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзи охири дидори расмӣ аз Арабистони Саудӣ (4 январ) бо ҳайати Тоҷикистон, бо шумули ҳамсар, ду духтар ва домодаш Ҳаҷҷи умра анҷом дод.
Мӯҳр
ном
аз даромадани ту надаромаданат нагз

Jurabek
Ассалому алейкум озодагон
ба емайлтон ozodagonweb@gmail.com мактуб навиштам

раҳматуллоҳ
ҷаноби мукаррам!
якбор ба ҷаноби олӣ нагуфти ки баҷой дуо дар ҳақи миллат, ҳиҷобӣ исломира маън накун! тарошидани риша маън накун! ҷавононро аз рафтани ба масҷид маън накун ва...... корои зидди диние ки мекунад ва мекунен маън кунен!!!!!!!
дуора мардум худашон мекунан

Гуломов Додарчон
Иншоолох дуои Сардори давлат, пешвои миллат ки соя Худо дар замин аз чумла дар Точикистон мебошад кабул хохад гашт. Хамду сано ба шумо Чаноби Оли Пешвои миллат ба ин бузургиатон

утро
А мы идем на север, а мы идем на север

Мардуми одди 5-10 сол ждать мекнан ки очирадшон биёя и мардак 15 бор рафтай)))

Эхсон
Даромадани хона Худо он тарафи истад, бигу бо шарофати президент нон хурдана хам ёд гирифтам.

Умр агар нагузарад ба ҳақҷуйи
Шарм нокарда бояд умр ҳам бигуйи?
Умр агар нагузарад дар роҳи мавло,
Умри ҳар гову хар аз ӯ боло.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)