Бахшҳо

Тағйироти кадрӣ дар Оҷонсии зиддифасод, суд, додситонӣ, маориф ва....

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тҷоикистон, имрӯз, 11 январ як қатор кадрҳои навтаъин дар мақомоти Оҷонсии зидди фасод, суд, додситонӣ, маориф ва ҳукуматҳои маҳаллиро ба ҳузур пазируфт.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон бо фармони президент Зоҳидзода Даврони Абдуқодир аз вазифаи раиси шаҳри Исфараи вилояти Суғд бо сабаби ба кори дигар гузаштан озод шуда, Расулзода Дилшод Ҷабборӣ иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Исфараи вилояти Суғд таъин гардид.

Арбобзода Қодир Нодир бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи раиси ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд озод гардида, ба ҷойи ӯ Зиёзода Сулаймон Ризоӣ иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Зафаробод таъин шуд.

Нозирӣ Зариф Вализода иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд таъин гардида, Маннонзода Абдусамад бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз ин вазифа озод шуд.

Салимзода Комил иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Ҷаббор Русулови вилояти Суғд таъин шуда, Ҳакимзода Сангимуроди Дӯстмурод бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз ин вазифа озод гардид.

Сайфуддинзода Маҳмадюнус Кабут иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон таъин гардид ва Таваккалзода Абдуҷон Шариф бо сабаби расидан ба синни нафақа аз ин вазифа озод шуд.

Раҷабзода Салоҳиддин иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Ҷиликӯли вилояти Хатлон таъин шуда, Хуҷамурод Фазлиддин бо сабаби расидан ба синни нафақа аз ин вазифа озод гардид.

Зарифзода Почохон Ҳабибулло иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Шӯроободи вилояти Хатлон таъин гардида, Икромзода Амирхон аз ин вазифа бо сабаби расидан ба синни нафақа озод шуд.

Дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон таъкид мекунад, ки бо фармонҳои Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин як қатор тағйироти кадрӣ дар мақомоти судӣ амалӣ шуд. Розиқзода Хуршед раиси суди ноҳияи Рашт, Усмонзода Шоғуфрон муовини якуми раиси суди вилояти Бадахшон, Бурҳониён Маъруфҷон муовини якуми раиси суди ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд, Садриддинзода Насрулло муовини раиси суди ноҳияи Спитамени вилояти Суғд, Олимзода Улфат Розиқ судяи суди вилояти Хатлон, Одинаев Ҳусайн Нуруллоевич судяи суди иқтисодии вилояти Бадахшон, Холиқзода Абдуҳаким Абдуваҳоб судяи суди ноҳияи Рашт ва Бадалзода Маҳмуд Муҳаммадалӣ судяи суди ноҳияи Ҷиргатол таъин гардиданд.

Ба иттилои манбаъ инчунин Наботов Ҷумахон, ки то ин вақт сармуҳаррири рӯзномаи Садои Мардум буд, бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон машваратчии калон-сардори шуъбаи амнияти иттилоотӣ, пешгӯӣ ва робитаҳои байналмилалии дастгоҳи Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.

Эмомалӣ Раҳмон инчунин қарорҳои ҳукуматро имзо кардааст, ки Назирӣ Латофат Қаҳор муовини вазири маориф ва илми Тоҷикистон ва Арабзода Нуралӣ Сайвалӣ директори иҷроияи Маркази татбиқи лоиҳаҳои навсозии роҳҳо таъин шуданд.

Дафтари матбуоти раисиҷумҳур илова намуд, ки дар мувофиқа бо президент як зумра тағйироти дигари кадрӣ дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва мақомоти прокуратураю корҳои дохилӣ амалӣ шуд: “Ба ин тартиб, Асозода Дороб Абдусалом прокурори вилояти Бадахшон Додоҷонов Умедҷон Муидинович сардори раёсати кадрҳои Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Аваззода Шараф Тавар сардори раёсати амнияти дохилии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия таъин гардиданд”.

Манбаъ илова намуд, ки сардорони шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳру ноҳияҳои Ваҳдат, Зафарободи вилояти Суғд ва Фархори вилояти Хатлон низ иваз карда шуданд.
Мӯҳр
Салом
кихо сардорони ШКД-хо таъин шуданд?
Хохиш мекунам номхояшонро нависед

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)