Вазир: Тоҷикистон ба 330 омӯзгор ниёз дорад
Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон мегӯяд, муассисаҳои таълимӣ дар кишвар ба 330 омӯзгор ниёз доранд.
Нуриддин Саид, вазири маориф ва илм имрӯз, 11 январ дар нишасти хабарие дар Душанбе гуфт, мушкили норасоии кадр дар миқёси ҷумҳурӣ қариб бартараф гардида, дар шаҳру навоҳии вилояти Суғд пурра ҳал шудааст. Ба иттилои ӯ, ҳоло дар қаламрави кишвар ҳамагӣ 330 омӯзгор намерасад, ки 123 нафари он ба навоҳии тобеи марказ, 122 тан ба вилояти Хатлон, 59 кас ба ВМКБ ва 6 нафар ба Душанбе рост меояд. Ба гуфти оқои Саид, норасоии омӯзгорон бештар дар гуруҳи фанҳои табиӣ ва забонҳои русиву англисӣ мавҷуданд.
Вазири маориф ва илм аз монеъ шудани волидон ба таҳсили фарзандонашон дар макотиби миёна изҳори нигаронӣ карда, изҳор дошт, дар соли таҳсили 2015-2016 зиёда аз 8 ҳазор падару модар ба таҳсили фарзандонашон дар макотиби миёна монеъ шудаанд: “Ин рақам нисбат ба соли таҳсили 2014-2015 ҳазор нафар зиёд мебошад”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |