Бахшҳо
12 янв 2016 10:47Тоҷикистон / Иқтисодӣ

Мурод Хол: Барои ҳукумат муҳим аст, ки ширкат андозсупорандаи хуб бошад

Дар кони "Покрӯд"-и ноҳияи Ваҳдат беш аз 28 тона тилло дарёфт шуда, мутахассисон 40 тонна тиллои дигарро бозҳисоб кардаанд. Дар ин бора Мурод Хол, раиси Саридораи геологияи Тоҷикистон дар имрӯз, 12 январ дар нишасти хабарие дар Душанбе хабар дод.

Қаблан, ширкати чиноии China Nonferrous Gold Limited аз оғози истихроҷи тилло аз кони Покрӯд хабар дод. Ба иттилои Ву Сян, як масъули ин ширкат нахустин хӯлаҳои тилло дар Покрӯд 29 декабри соли 2015 рехта шуданд.

Мурод Хол, раиси Саридораи геологияи Тоҷикистон гуфт, бар асоси муқаррарот ширкати чиноӣ маҳсулоти тавлидкардаашро танҳо ба ҳукумати кишвар пешниҳод мекунад: “То имрӯз ягон кило метали қиматбаҳо ба берун набаромадаст, ҳукумат қудрати харидории маҳсулотро дорад”.

Ба қавли ҷаноби Хол, танҳо дар сурати мушкили молӣ бо қарори ҳукумат ширкат иҷозаи дар хориҷ фурӯхтани маҳсулотро пайдо мекунад.
Ӯ дар робита ба саҳми ҳукумати Тоҷикистон дар кони Покрӯд гуфт, барои ҳукумат муҳим нест, ки чӣ миқдор саҳм дорад. Балки масъалаи аввалиндараҷа ин аст, ки ширкат андозсупорандаи хуб бошад ва молиётро пайваста пардохт намояд.

Ширкати миллии металлургию кӯҳкории Чин (CNMM) дар гузашта эълон карда буд, барои корҳои геологӣ-ҷустуҷӯӣ ва истихроҷи тиллои кони Покрӯди Тоҷикистон беш аз 250 миллион доллари амрикоӣ сармоягузорӣ менамояд. Луо Тао, раиси ин ширкат дар суҳбат ба Эмомалӣ Раҳмон иброз дошта буд, тибқи нақшаи пешакӣ истихроҷи тилло аз кони Покрӯд бояд соли 2015 оғоз ёбад ва дар давраи аввал ширкат ҳар сол ба буҷети Тоҷикистон беш аз 6 миллион доллари амрикоӣ андоз хоҳад супорид.

Тибқи ҳисобҳои қаблии геологҳои тоҷик дар кони тилои “Покрӯд” беш аз 100 тонна тиллои холис вуҷуд дорад. Ин кон дар 120 километрии шаҳри Душанбе, дар қаламрави ноҳияи Ваҳдат воқеъ аст.
Мӯҳр
Товба кадам Худо и вазир ки амика савод дошта боша дига аз ояндаи дурахшону обод сухан задан беаклист. Гапи вазира бинед барои хукумат чикадар сахм доштан мухим нест мухим андозсупоранда бошад. Магар андоз аз сахми хукумат дида фоида фоидаи бештар дорад? Чанд фоиз андоз месупорад? Боваркунед чунин бепарвоию бемасъулиятиро мебинам дилам мекафад. Тамоми захирахои ватани моро ба аснабиён медихед барои миллат барои насли оянда чи мемонад? Хитоихо хоки ватани моро бехта тилою чизхои киматбахоро мегиранд ба мо як хоки холи мемонад охир ин сарвати миллат аст бояд миллат аз у истифода барад на инки хитой омада хамаро кашида барад. Вазир чунон сухбат мекунад мекунад ки гуё конхои падараш бошад ба касе хохад медихад о ин чигуна хукумат аст ки як кони тиллоро коркард карда наметавонад пули таёр дар таги фукашон асту ба ачгабиён медиханд? Чаро бояд тамоми сарвати моро хитоихо кашида баранд чаро аз сарвати миллат хитойихо истифода кунанд? Чаро чаро чаро чарооооо. Илтимос бетагир чопкунед

"Ӯ дар робита ба саҳми ҳукумати Тоҷикистон дар кони Покрӯд гуфт, барои ҳукумат муҳим нест, ки чӣ миқдор саҳм дорад. Балки масъалаи аввалиндараҷа ин аст, ки ширкат андозсупорандаи хуб бошад ва молиётро пайваста пардохт намояд." мо хам мефахмем, ки баъди чанде бо дастгирии парлумон аз супоридани андоз ва дигар молиётохо хамон ширкатхои мухиме, ки шумо мешуморед, озод карда мешаванд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)