“Растагорӣ”-и Шодӣ Раҷабзод нашр шуд
Матбааи Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон китоби рӯзноманигор ва нависандаи тоҷик Шодӣ Раҷабзодро бо унвони “Растагорӣ” ба чоп расонд.
Китоб паҳлуҳои ҳаёти иҷтимоию иқтисодии мардуми кишварро фаро гирифта, мунтахабест аз навиштаҳои муаллиф, ки солҳои гуногун дар нашрияҳои кишвар чоп шудаанд. Пешгуфтори китобро профессор Абдунабӣ Сатторзода навиштааст.
“Растагорӣ” аз се қисмат иборат буда, дар қисмати аввал ҳикояҳо гирдорварӣ шудаанд. Қисмати дувум фарогири очеркҳоеанд, ки чеҳраҳои арзандаи соҳаи маорифи мамлакатро ба хонанда муаррифӣ менамояд. Қисми севуми китоб бо ибтикори дӯстону ҳаводорони ин қаламкаши арзандаву соҳибистеъдод таҳия гаштааст.
Шодӣ Раҷабзод (Малахов) 20 июли соли 1964 дар деҳаи Моинкаҷи ҷамоати деҳоти Роҳатии ноҳияи Рӯдакӣ ба дунё омадааст. Пас аз хатми факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон солҳои гуногун ба омӯзгорӣ шуғл варзидааст. Ба сифати афсари тарҷумон дар сафи Неруҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ хидмат кардааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |