Бахшҳо

АП: Синну соли номзади президентиро поин карданианд

Дар Тоҷикистон синну соли номзад ба мақоми раёсатҷумҳурӣ поин бурда мешавад. Дар ин бора хабаргузории “Азия Плюс” бо такя ба манобеаш дар парлумони кишвар иттилоъ дода, гуфтааст, ин тағйирот ба Қонуни асосӣ ворид хоҳад шуд.

Ба гуфтаи манбаъ, синну соли номзад ба мақоми президентӣ аз 35 ба 30 пойин оварда мешавад.

Қаблан, дафтари матбуоти Маҷлиси намояндагон, палатаи поёнии парлумон иттилоъ дод, имсол ба Сарқонуни Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид мешавад. Бино ба хабари манбаъ, ин мавзӯъ дар яке аз ҷаласаҳои парлумон баррасӣ шудааст.

Манбаи “Азия Плюс” ҳамчунин гуфтааст, дар баробари тағйирот перомуни синну соли номзад, дар назар аст, таъсис ва фаъолияти ҳизби сиёсии моҳияти диннидошта дар Сарқонун манъ шуда, шакли идораи президентӣ, ки дар Тоҷикистон барҳол аст, меъёри конститутсионӣ шавад. Дар ҳамин ҳол, Радиои "Озодӣ" мегӯяд, дар тарҳи нави ислоҳот ба Қонуни асосӣ ба моддаи 65 илова шудааст, ки маҳдудият дар пешниҳоди номзадӣ ба мақоми раисиҷумҳур "ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат татбиқ намегардад. Вазъи ҳуқуқӣ ва ваколатҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллатро қонуни конститутсионӣ муайян мекунад". Бар асоси Қонуни асосӣ, ки ҳоло мавриди амал қарор дорад, як шахс ба вазифаи президент бештар аз ду муҳлат пайи ҳам интихоб шуда наметавонад.

Ба Сарқонуни барҳол ё амалкунандаи Тоҷикистон, ки соли 1994 пазируфта шудааст, солҳои 1999 ва 2003 тағйиру иловаҳо ворид гардид.
Мӯҳр
вакили парламент
Ин барои он аст ки Рустами Эмомали президенти якумра шавад

ali
abacha okhi bgen hamu rustami emomali ra mondanien mo khdmon mefahmem okhi bo chi ikhelish meknen? chun dar intikhoboti badi rustamjona solash ba 35 namerasa

Я
Хамворкунии рох барои Рустам!!!
Бе ягон камбуди! Мардуми Точикистон президенти ояндаатон писари чаноби олист!!!

шахрванд
Барои тагироту илова даровардан барои чи а халк ягонбор намепурсанд

Чамшед8808 н.Восеь
Касе шавад нашавад мухим Точикистон тинчу ободу зебо бошад. Гури бахел танг аст. Бахилиро бас кунеду ба Худододагон ситеза макунед.

Ин давлати демократи, халк касеро интихоб кунад хавай сарвар мешавад.Пеш аз пода чанг карда худатонро зик накунед.Хама сарвар намешавадку.

Донишчу
Салом Озодагон. Мехохам ва илтимос мекунам, ин номаи маро дар торнома ва хафтаномаат чоп куни. Ин номаи кушода ба вазири маорифи Чумхурии Точикистон рафик Нуриддин Саидов, ба хамаи ректорони донишгоху донишкадахои кишвар, ба кулли равшанфикрону маорифпарварону гамхорони сохаи маоирифи кишвар мебошад. Ман донишчуи ДДХ ба номи академик Б. Гафуров мебошам. Айни замон имтихонхоро тарики тест бо компутер супорида истодаем. Ман хамчун донишчу хушдор медихам, ки тест манбаи бесаводи мебошад. Инро аксарияти донишчуён аллакай хис кардаанд. То чое медонам, вакте имтихонхо шифохи ва бо иштироки бевоситаи устоди дарсдиханда мешуд, аксар донишчуён бахоро бо пул мегирифтаанд ва бо максади нест кардани ин омили номатлуб имтихонхоро минбаъд бо компутеру тест мегиранд. Аммо баъди ин мутаассифона дигар омили номатлуб пайдо шуд: донишчу тести барои имтихон омодашударо бо хар рох пайдо мекунад, сарсари хонда мебарояд тестро на бо хотира балки бо чашм аз ёд мекунад ва имтихонро на бо кувваи дониш балки бо кувваи чашм месупорад. Баъди 2 3рузи имтихонсупори хама чиро фаромуш мекунад. З-ин ру имруз донишчу дониши мукаммал надорад, нутки бурро надорад, махорати навиштан надорад, бепарвост. ТЕСТ БАРОИ МО ХАТАР ДОРАД. Хамаро камсавод мекунад! Ин 1 хушдоре буд аз тарафи 1 донишчуи камсавод.
Бо эхтиром Донишчуи Камсавод

Оооо
ОЗОДАГОН МАН РУСТАМЧОНА АЗ ХОЗИР БАРОИ ГИРИФТАНИ КУРСИИИИ РАИСИЧУМХУРИ ТАБРИК МЕКУНАМ

Абдуллох
Ба Чонон. гуфт гапо " ин давлати ДеМоКраТи " а не ?
))) Як чи " звучат" кард неки ))

Мо чи мегуйему худои мо чи мегуяд иншоолоҳ бо хости худо ҳама кор ранги дигар мегирад

Ба худо ман ин мардуми точика хеч нафахмидам. Аз холира хушомадзанира ср карданд. Рустама аз холи табрик доранд. Баъзе ба худододагон ситеза мачу, баъзе бахили накунен, баъзе чорзону карда шинен. Э мардум Рахмон он чи дар махораташ буд кард. Акнун бояд давоми корро дигар кас барад. Бо Рахмону Рустам пешрави намешавад. Аз оне ки вакилон оё кабул мекунанд ё не, магар он чи Рахмон хохад кунад аз касе мепурсад. Набояд гузошт ки шахси 30-сола ки тачрибае надорад сарнавишти як милатро ба ухда гирад.

вакили парламент,
вакили парламент,
кори хуб мешавад

ааааа
Озодагон садкаи номи озодагон шави ту... Озод ро гиру лаганбардорон мон

бехтарин вариант аст

Бархе аз мардум, аниктараш мардуми синну соли камолот аз солхои хафтодуму хаштодуму давраи шурави ёдовар мешаванд. Замоне мешавад, ки мардуми ин замон бе муболига солхои рохбарии Чаноби Олиро ба неки ёд мекунанд.Месазад, ки ба хизматхои ин фарди вокеан хам худодод дорои хиради воло бо чашми нек нигарист ва баъдан....
Бедил ту маяндеш зи гуфтори ракибон,
Гавгои сагон кам накунад риски гадоро.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)