Бахшҳо

Ташхисгоҳи наву шарҳи вазир: Падариро муайян мекунему ба бакорат кордор намешавем (НАВШУДА)

Нусратулло Салимзода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон имрӯз, 14 январ Маркази миллии ташхиси генетикиро фаъол кард.

Ба иттилои оқои Салимзода, ташхисгоҳи мазкур дар пайи супориши Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон фаъол шуда, имкон медиҳад, бемориҳои ирсӣ ва маризиҳои кӯдакон ҳанӯз дар батни модар ташхис шаванд. Ӯ афзуд, ташхисгоҳи мазкур инчунин имконият медиҳад, ки дар Тоҷикистон санҷиши “ДНК” гузаронда шавад: “Метавонем падариро муайян кунем, ки то ҳол дар Тоҷикистон набуд”.

Фотима Ғоибова, сухангӯйи Вазорати тандурустӣ мегӯяд, марказ бо навтарин дастгоҳҳои замонавӣ муҷаҳҳаз шуда, мутахассисони он дар Ҷумҳурии исломии Эрон ва Ҷумҳурии Молдов давраи омӯзиширо гузаштанд: “Машваратдиҳии тиббию генетикии оилаҳо ва беморони мубталои иллатҳои ирсӣ ва модарзодӣ бо истифодаи таҳлили генеалогӣ, усули синдромологӣ, усулҳои ситогенетикии тадқиқот ҳангоми аниқ намудани ташхис ба роҳ монда мешавад”.

Ба иттилои ӯ, маркази мазкур зинаҳои ноҳиявӣ, шаҳрӣ, минтақавӣ(вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ)–ро фаро гирифта, расонидани кумаки махсусгардондашудаи тиббиро ба ҷойи зисти доираи вобасташудаи аҳолӣ ҳаддалимкон наздик мекунад: “Ҳамчун қимси таркибии системаи муассисаҳои муолиҷавию профилактикии тандурустии амалӣ фаъолият намуда, чорабиниҳои худро дар ҳамоҳангсозӣ бо муассисаҳои акушерӣ, педиатрӣ ва дигар муассисаҳо ба роҳ мемонад”.

Нусратулло Салимзода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон ба суоли “оё зимни ташхиси навхонадорон пеш аз никоҳ бокирагии ӯ низ санҷида мешавад?” посух дод, танҳо як қатор бемориҳоро муайян мекунаду ба бокирагии арӯсон кордор намешаванд: “Не, ин чиз нест, муоинаи ҳатмӣ пеш аз издивоҷ нисбати як қатор бемориҳо мебошад, аз ҷумла СПИД, бемории сил, бемории оташак ва дигар бемориҳои дигар аст. Мо ба бакорату дигараш кор надорем”.

Ба гуфтаи вазир муоинаи ҳатмии тиббии издивоҷкунандаҳо аз якуми июли соли 2016 мавриди амал қарор мегирад. Дар ҳамин ҳол Шералӣ Раҳматуллоев, сардори раёсати хизматрасонӣ ба модару кӯдак ва танзими оилаи Вазорати тандурустӣ иброз дошт, муоинаи ҳатмӣ маънои онро дорад, ки издивоҷкунандаҳо аз ташхиси тамоми намуди бемориҳо мегузаранд: “Яъне, ин афрод аз мутахассисони чашм, гӯш, шикастабандӣ ва ҷарроҳ мегузрананд. Бемориҳои СПИД, сил ва оташак ташхисашон ҳатмӣ мебошад, зеро дар оянда ин бемориҳо таъсири худро барои насл мерасонанд”.

Ба гуфтаи Раҳматуллоев, қоидаҳои гузаштани муоинаи тиббиро таҳия карда, барои тасдиқ ба ҳукумати кишвар пешниҳод мекунанд.

Вакилони Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон лоиҳаи тағйру иловаҳо ба Кодекси оиларо, ки муоинаи тибии пеш аз издивоҷи ҷавононро пешбинӣ кардааст, қабул карданд. Шукурҷон Зуҳуров, раиси палатаи поёнии парлумон 13 январ зимни баррасии ин лоиҳа гуфт, амалишавии муоинаи тиббӣ қабл аз издивоҷ моҳи июли соли равон дар назар аст. Ӯ гуфт, бе ҳуҷҷати тасдиқкунандаи анҷоми муоинаи тиббӣ ақди никоҳи ҷавонон сабт нахоҳад шуд. Нусратулло Салимзода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҳангоми муаррифии лоиҳа изҳор дошт, муоина ройгон буда, онҳо талош мекунанд, ҳангоми анҷоми он аз ҷониби мутахассисон саҳлангорӣ сурат нагирад.

Ташхисгоҳи наву шарҳи вазир: Падариро муайян мекунему ба бакорат кордор намешавем (НАВШУДА)

Ташхисгоҳи наву шарҳи вазир: Падариро муайян мекунему ба бакорат кордор намешавем (НАВШУДА)

Ташхисгоҳи наву шарҳи вазир: Падариро муайян мекунему ба бакорат кордор намешавем (НАВШУДА)

Ташхисгоҳи наву шарҳи вазир: Падариро муайян мекунему ба бакорат кордор намешавем (НАВШУДА)

Ташхисгоҳи наву шарҳи вазир: Падариро муайян мекунему ба бакорат кордор намешавем (НАВШУДА)
Мӯҳр
Мухтарам Вазир санчиши тибби ройгон гуфтед,то холо маълумотхо буд,ки пулаки,ба вaъдаатон истода инро ичро кунед,ана конун мешавад.

Ин бисёр хуб аст падархои мухочир бечорахо аз фарзандони ногахони огох шаванд ва хилаву найранги занон ошкор шавад. Агар чунин шавад баъзе занон низ ба рамка медароянд.

Дар ш.Кулоб хело шуд амал дорад пеш аз конун баромадан.Лекин хамаи муоина ПУЛАКИ мебошад.Инро бояд хама донад бе пул нест Вазири Мухтарам назорат баред!!!!!!!!!!!!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)