Бахшҳо
14 янв 2016 14:04Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Даргузашти Пӯлод Абуев, нависандае, ки дастнависи китобаш мусодира шуд

Пӯлод Абуев, шоир ва нависандаи тоҷик дар синни 72 даргузашт.

Раҳматилло Зоиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократ мегӯяд, ин аъзои Шӯрои сиёсии ҳизбаш имрӯз, 14 январ ин оламро падруд гуфта, маросими видоъ бо ӯ дар маҳаллаи Лучоб-2-и ноҳияи Варзоб баргузор мешавад.

Пӯлод Абуев 27 сентябри соли 1945 дар деҳаи Куруди ноҳияи Айнӣ таваллуд шудааст. Ӯ муаллифи асарҳое монанди “Одамнома”, “Дунёи бе дунё”, “Маъвои дил”, “Аз Зарафшон то Бадахшон”, “Нону намак”, “Обу оташ”, “Фалсафаи ҳаёт”, “Рамзас Тотин”, “Ашки санг”, “Одаму олам” мебошад.

Номи Пӯлод Абуев замоне сархати расонаҳо қарор гирифта буд, ки Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон шакли электронии китоби бадеияшро зери унвони “Ташнагии дарё” соли 2013 мусодира намуда, нашри онро манъ кард. Он замон, Абуев дар суҳбат бо хабаргузории “Азия Плюс” гуфта буд, дар китоби “Ташнагии дарё” ҳаёт дар Тоҷикистон, аз ҷумла табиату тақдири одамон, маҳалчигӣ, хешутаборбозӣ, фасод, муҳоҷират ва паҳлӯҳои дигар тасвир шудаанд ва барои навиштани он се соли ҳаёташро сарф кардааст.

Ин нависанда изҳор дошта буд, кормандони амният моҳи июли соли 2013, ғайриинтизор ба матбааи назди Филармонияи давлатии Тоҷикистон ҳозир шуда, шакли электронии китобашро мусодира ва худи ӯро иғвоангез номидаанд, ки матлабҳои танқидии беасос менависад.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)