Боздошти муҳандиси 31-сола бо иттиҳоми ришвахорӣ дар Суғд
Дар шимоли Тоҷикистон як масъули марбут ба идораи замин бо иттиҳоми талаб кардани пора дастгир шудааст.
Манобеи “Озодагон” аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилояти Суғд хабар доданд, ки боздоштшуда 31 сол дошта, ба ҳайси муҳандис оид ба заминсозии яке аз ҷамоатҳои ноҳияи Ғончӣ кор мекардааст: “Ин мард аз як бошандаи 32-солаи ноҳияи Ғончӣ 1000 сомонӣ талаб карда, ваъда додааст, ӯро ба рӯйхати ниёзмандони заминҳои наздиҳавлигӣ ворид месозад”.
Манбаъ афзуд, феълан аз рӯйи ин далел парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |