Бахшҳо

Эълони хомӯшии Р.Мирзо: Ҳарфе барои гуфтан намонд

Раҷаби Мирзо, рӯзноманигор ва таҳлилгари тоҷик, эълон кард, ки барои як муддат аз изҳори назар барои расонаҳо ва матбуот худдорӣ хоҳад кард.

Ӯ дар дар сафҳаи фейсбукии худ шарҳ додааст, ки ин тасмим дар пайи тарс, хоҳишу талаб ва фишори касе гирифта нашудаст. Раҷаби Мирзо мегӯяд, худдорияш аз изҳори назар дар матбуот як далели мушаххас дорад: “Дигар ҳарфе барои гуфтан намондаст”.

Ин таҳлилгари тоҷик дар пасманзар изҳороти як соли охирашро зикр карда, таъкид намудааст, ки раванди ҳаводис дар Тоҷикистон барои як одами каме ақлдошта рӯшан аст: “Пас аз эълони натиҷаҳои аввалияи интихоботи ахири парлумонӣ зуд гуфтам, ки моро як тағйироту иловаҳо ба Конститутсия "таҳдид" мекунад? Нашуд? Нагуфтам, ки моддаи 28 Қонуни Асосӣ иваз мешавад? Намешавад? Оид ба шеваҳои эҳтимолии интиқоли қудрат изҳори назар накарда будам? Наздик омадем? Дар мавриди қонуни "Пешвои миллат" ҳама чиро нагуфтам? ... Ҳоло тахмин мекунам, ки Тоҷикистонро як интихоботи пеш аз муҳлати президентӣ ҳам интизор аст...Не, ман фолбин нестам, фақат ин ки ҳаводиси як кишвари кучакро, ки тақрибан ҳамаи зарфиятҳои неруҳои иҷтимоиашро хеле хуб медонам, қадам ба қадам фарзия назаданро танҳо одами коҳил, ё беақл наметавонад! Пас, модоме ҳама чӣ мисли рӯз рушан аст, чизи дигаре гуфтан бемаънигарист! Шояд гоҳ гоҳ барои матбуот матолибе нависам, аммо барои чанд муддат, то замоне, ки чизе барои гуфтану таҳлил пайдо нашавад, хомӯшӣ беҳтар аст. Не?”

Тасмими хомӯшии Раҷаби Мирзо дар ҳолест, ки ахиран вакилони Маҷлиси намояндагон лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба Сарқонунро пешниҳод кардаанд, ки тибқи он синни номзадӣ ба президентӣ аз 35 ба 30-сола поин оварда мешавад. Инчунин тибқи тағйирот Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури феълӣ ва Пешвои миллат ҳаққи бемаҳдуди пешниҳоди номзадияшро ба курсии раёсати ҷумҳур дорад.
Мӯҳр
Устод аз пешгуихои шумо палумон истифода бурд. Так что хамаш кори шумо аст)))))))))))

Мухочирон
Он чи ки айон аст хочат ба байон нест

Равшанфикрою тахлилгарои морам дилхунукшудан монанди устод Рачаби Мирзо як навигарии е чомеаи тангеми бо гуфти Иршод Слаймони интизор мешаван чи гуфтед? Итизор мешавеммм!!!!!

калон
хап исти фоида дорад

Исмат
Чаро хомуш набоши, вакте минбари мардуми- ХДТро бо ду дасти адаб барои як маблаги ночиз фурухтию мардумро беминбар карди.

Tojikistoni mo 25 sol iak kadam pesh iak kadam pas gashta bo in siyosatash ba kujo merasida bosad!!!!!????? h... dar gil monda.....

ДАР РУЗ ЧАРОГ ЧИ ЛОЗИМ?

Ошно
Ҳамин худатон "роҳ нишон медиҳеду" боз гила мекунед. winked

Точикак
дахони баста сад тилло, ин бародар акнун дарк кардаст ин масалро - (лучше поздно чем никогда). Болояш тахдиди конкретный шудаст - 100%. Гуфтам бовар кунед, баъд нагуед, ки нагуфти.

...Yaktoi digaraton sohibi ''Nigoh'' bud e sarmuharir bud allakay nomash az edho raftaast vay kas ham yake chomush shudu bedarak winked Agar yagon chizro fahmida boshed koil shaved? tongue Chayr kam kam chabar girifta isted bee'tikod nashaved.Ba har hol kame dam gired kufta shuded bully

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)