Бахшҳо
15 янв 2016 14:46Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

(САДО) Нигаронии раиси вилояти Суғд аз афзоиши ҳолатҳои худкушӣ

Абдураҳмон Қодирӣ, раиси вилояти Суғд аз афзоиши ҳолатҳои худкушӣ дар қаламрави вилоят изҳори нигаронӣ кард.

Ӯ аснои нишасти хабарии рӯзи 14 январаш гуфт, дар 12 моҳи соли 2015 беш аз 300 нафар сокини вилояти Суғд даст ба худкушӣ задаанд. Оқои Қодирӣ афзуд, бештари ин афрод одамони бе ҷои кору беморони руҳӣ будаанд: “Ин рақам воқеан ҳам нигаронкунанда аст, чун назар ба соли 2014, 39 ҳолат зиёд мебошад”.



Раиси вилоят мегӯяд, аз 302 каси ба ҷони худ қасд карда, 38 нафарро хонандаҳои ташкил медиҳанд: “Мо дастур додем, ки дар кадом мактаб ҳолати худкушиву худсӯзӣ шуд, сардори мактабу роҳбари синфи он ҳуқуқи маънавии дар ин мактаб кор карданро надорад. Барои ҳамин, ҳам парвандаи ҷиноӣ оғоз мекунем гуфтам ва ҳам дар мактабҳо мо иҷозаи кор карданро намедиҳем".

Абдураҳмон Қодирӣ дар идома аз хабарнигорон даъват кард, дар мавриди ҳолатҳои худкушӣ камтар бинависанд, зеро ба қавли ӯ, “дар бораи худкушию худсӯзӣ зиёдтар гуфтем, нишондиҳандаҳо ба ҷойи кам шудан, зиёд мешаванд. Мо то ҳатто ба ниҳодҳои дахлдор гуфтем, ки ба ҳар як ҳолати худкушиву худсӯзӣ парвандаи ҷиноӣ боз менамоед”.
Мӯҳр
Tojik
Агар директору рохбари синф баъди худкушии хонанда хукуки маънавии дар вазифаашон кор кардан надошта бошанд, пас баъди худкушии калонсолон раиси нохияю вилоят ва чумхури низ бояд хукуки маънавии дар вазифаашон кор карданро надошта бошанд. Ё факат зуратон ба муаллим мерасад?

Муаллими бечора ва директор шабуруз дар таги дари талаба хобкарда дежурный шавад то ин ки талаба худашро накушад? Эээ ин девонаги. Хамаи ин аз кашокии давлат мебошад агар орла ва е давлат сериву пури бошад хеч КАС даст ба худкуши намезанад. Кувва факат бечораи муаллимба мерасад.

Здравствуйте
Ягон нафартон хукуки маьнави надоред ба кор кардан

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)