Раиси ноҳияи Спитамен гуфт, шабакаи телевизионӣ таъсис медиҳад
Раиси ноҳияи Спитамени вилояти Суғд аз азмаш барои таъсиси як шабакаи телевизионии маҳаллӣ хабар дод.
Ориф Хоҷазода дар суҳбат бо хабарнигорон гуфт, “дар сурати барзиёд иҷро гардидани буҷаи маҳаллӣ дар соли ҷорӣ як телевизиони маҳаллӣ таъсис хоҳем дод”.
Ноҳияи Спитамен бо шаҳри Бекободи вилояти Тошканди Узбакистон ҳаммарз буда, тибқи маълумоти расмӣ, бештар аз 118 ҳазор аҳолӣ дорад, ки ҳудуди 70 дарсади онро узбактаборон ташкил медиҳанд.
Тасмими раиси ноҳия дар мавриди таъсиси шабакаи телевизионӣ дар ҳолест, ки соҳибназарон чанд соли ахир аз зери нуфузи шабакаҳои телевизионии Узбакистон қарор гирифтани фазои иттилоотии навоҳии наздимарзии кишвар хабар медиҳанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |