Бахшҳо
20 янв 2016 12:56Тоҷикистон / Иҷтимоӣ / Акс

АКС: Шикояти ронандаҳо аз гарон шудани арзиши газ

Нархи сузишвории газ дар Тоҷикистон боло рафтааст. Ронандаҳо мегӯянд, шурӯъ аз моҳи январ ин навъи сузишворӣ 50-60 дирам қиммат шудааст.

Парвиз, як ронандаи мусофиркаши хурд имрӯз, 20 январ дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, давоми ду рӯзи охир арзиши газ 50 дирам гаронтар шудааст. “Нархи газ боло рафтааст, вале арзиши роҳкиро бетағйир аст. Ман дар як рӯз то 8 маротиба гирди шаҳр тоб мехӯрам ва кушиш мекунам, харҷи кардаамро ҷамъ кунам. Агар чунин ҳолат идома ёбад, мо ҳатто наметавонем харҷи худро пӯшонем. Бояд назорат кунанд, ки нархҳо баланд нашаванд”,-гуфт ӯ.

Аҳлиддин, як сокини Файзобод ҳам ки ба ҳайси ронандаи таксӣ кор мекунад, аз пайваста боло рафтани нархи сузишвории газ шикоят намуд. Ба гуфтаи вай, дар баробари гарон шудани нархи маҳсулоти ғизоӣ боло рафтани арзиши сузишворӣ ҳарчи бештар пешбурди зиндагии хонаводаашро душвортар кардааст: “Бо ин ҳол намешавад, маҷбурам ба Русия мардикорӣ равам”.

Ронандаҳо мегӯянд, дар бештари нуқтаҳои фурӯши сузишворӣ нархи газ 3 сомониву 10 дирамро ташкил медиҳад. Аммо дар “Газпромнефт” он 3 сомониву 20 дирам арзиш дорад. Абдулмуъмин Мирзоев, ки худро масъули нуқтаи фурӯши сузишвории “Газппромнефт” дар маҳаллаи 46 муаррифӣ кард, гуфт, онҳо бо амри раҳбарият нархҳоро тағйир медиҳанд: “Ба мо мегӯянд, ки имрӯз нархи газ фалон миқдор боло рафтааст, мо иҷро мекунем”.

Ӯ мегӯяд, қабл аз соли нави мелодӣ газ 2 сомониву 70 дирам нарх дошт. “Баъди соли нав 10 дирам қиммат шуд. Ҳамин хел 10 дирамӣ боло рафтан гирифт. Ҳоло 3 сомониву 20 дирам мебошад”,-илова намуд Мирзоев.

Як фурӯшандаи Нуқтаи фурӯши сузишворӣ бо номи “Тоҷнефт” дар маҳаллаи 46 ба “Озодагон” гуфт, тайи ду рӯзи ахир нарх якбора 20 дирам таӯйир ёфт: “Ду рӯз пеш газ 2 сомониву 90 дирам буд. Ҳоло 3 сомониву 10 дирам аст. То 9 январ арзиши газ 2 сомониву 60 дирам буд, баъд якбора қиммат шудан гирифт”.

АКС: Шикояти ронандаҳо аз гарон шудани арзиши газ

АКС: Шикояти ронандаҳо аз гарон шудани арзиши газ

Мӯҳр
Ассалому алейкум бародарони азиз. Ба маълумотатон мерасонам, ки соҳибдорони газу нафт болоравии нархро ба болоравии қурби доллари ИМА асос мекунанд. Вале газу бензин ҳама аксаран аз Федератсияи Россия ворид мешавад ва дар Федератсияи Россия дар муомилот танҳо пули милли худаш (российский) амал мекунад. Қурби пули руссӣ паст фаромада истодааст ва раҳмат мегӯям ба Преиденти Федератсияи Россия Владимир Путин. Дар мо бояд нархҳои газу бензин бояд паст фарояд. Вале... баҳона дурӯғ доллари ИМА аст. (91-962-4444)

ford
Як барел нафт дар биржаи чахони 28 долар бояд нархи бензин 2 сомон бошад. Холо он ки як барел нафт 170 долар буд бензин 6 сомон холо бошад нарх хамон хел.

fsda
барои чи именно 10 дирам боло мехеза на ин ки 5 дирам ё ин ки 2 ё 3 дирам ё 7 8 дирам именной 10 дирам???? газ мода мутобики статистика аз казокистон ворид мешавад!!!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)