Бахшҳо
22 янв 2016 12:27Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Вазир гуруснагии 30%-и тоҷикистониёнро нодуруст хонд

Маҳмадтоир Зокирзода, вазири кишоварзии Тоҷикистон гузориши байналмилалиро дар бораи ранҷи 30 дарсади тоҷикистониён аз норасоии ғизо нодуруст хонд.

Зокирзода имрӯз, 22 январ зимни нишасти матбуотӣ дар посух ба суоли “Озодагон” изҳор дошт, ки гузориш дар бораи гуруснагии 30%-и тоҷикистониён нодуруст аст: “Метавонед, таҳлил кунед. Хонаҳои мардум равед. Ман ҳамчун вазири кишоварзӣ мегӯям, ин иттилоъ нодуруст аст ва ба ҳақиқат рост намеояд”.

Масъулини Вазорати кишоварзӣ дар шарҳи гузориши байналмилалӣ афзуданд, ки мувофиқи нишондоди Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, агар одам аз ғизо рӯзе 3 ҳазору 500 килокалория энергия гирад, маънои онро дорад, ки пурра таъмин аст: “Агар дар як рӯз 2 ҳазору 500 килогкалория энергия гирад, нишондоди муътадил аст. Агар аз 1 ҳазору 500 килокалория кам истеъмол кунад, маънои онро дорад, ки инсон дар ҳолати гуруснагӣ қарор дорад. Мувофиқ Оҷонсии омор ҳар як сокини Тоҷикистон 2 ҳазору 100 килокалория истеъмол мекунад. Ин ахбори расмӣ аст”.

Ин дар ҳолест, ки Тоҷикистон дар раддабандии Созмони ҷаҳонии Global Hunger Index оид ба норасоии ғизо миёни 117 кишвари ҷаҳон мақоми 21-умро ишғол кардааст. Тибқи ин раддабандӣ 30,3 дарсади аҳолии Тоҷикистон мушкили норасоии ғизо доранд.

Ин гузориши нави созмони ҷаҳонӣ оид ба ғизо, ки дар Вашингтон нашр шудааст, Тоҷикистонро миёни кишварҳои Уганда, Покистон, Нигерия, Руанда ва Малӣ қарор додааст, ки аз се як ҳиссаи аҳолии ин кишварҳо ба норасоии ғизо мувоҷҷеҳ мебошанд.

Тибқи ин гузориш миёни кишварҳои пасошуравӣ мушкили норасоии ғизо дар Русия поинтар 0,7% Белоруссия, 0,8%, Украине 1,2%, Латвия ва Литва (1,4%), Эстония (2%), Озарбойҷон (1,7%), Қазоқистон (2,5%), Туркманистон (3,2%), Арманистон (5,8%), Қирғизистон (6%), Гурҷистон (7,4%), Молдавия (12,2%) ва дар Узбакистон (13,3%)-ро ташкил медиҳад.
Мӯҳр
Мухтарам вазир албата рост мегуяд Модоме, ки аз 50% зиёди ахоли нимгурусна хастанд Барои чи онхо 30%мегуянд

Олим
"Ишками сер кай парвои гурусна" гуфтаанд. Вазир чизи дигарро фаромуш кард: мардуми точик 100 фоиза бо барку газ таъминанд. Тахлилгарони чахони оид ба норасоии барк дар Точикистон тамоман дуруг мегуянд!!!

РОСТ ГУФТЕД ВАЗИР.30% АХОЛИ ГУРУСНА НЕ. 60% АХОЛИ АЗ ГУРУСНААНД

Шумо кадом як муассисҳои ҷаҳонро дуруғ мешуморед UN.AMNESTY INT.HRW. ва дигарҳо. Шумо агар онҳоро дуруғ мешуморед пас бврои чӣ 1доллар ба 10 сомонӣ баробар шудааст

Шахрванд
Барои дуруст хондан савод доштан даркор, хамин тавр не ?

Масрур
Мухтарам вазир, мумкин хешу табори шумо бо гизо таъмин бошанд. Вале зиёда аз 20 дарсади мардум гушнаанд.

Мухтарм вазир! Шумо дуруст кайд кардед. 30% ин нодуруст мебошад. Дурусташ 60% мебошад. Шумо дар хонаатон тухми мохи мехуред аз кучо медонед мардум чи мехурад ё дар дахони хар як мардум счёчик мондед, ки калорияхои хурдагии онро фахмидед. Шарм кунед.

мехмон
Сад дар сад дуруст хаст! Норасоии гизо 30% не 65% хаст!!!! Рафик вазир як маротиба ба хонаи камбагале мехмони нохонда шавед, мефахмед ки чи хаст норасоии гизо!!!!

валлоҳеки аз 30% фойизам зиётаран ино факат чойҳой дарстар бударо дидан дар тарафи куҳ нимаҳо халқ хамаш гуруснаанд и райиса хонаш хама серан ҳами тоҷико яг мақола доран меган сер кай парвой гушна дорад

Мехмон
30% не 65% мардум нимсеранд ва норасоии гизоии руздармиён вучуд дорад мухтарам вазир! Баъзе оилахо моххо гуштро намебинанд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)