Фавти беш аз 1100 кӯдак дар Суғд. Хуҷанд, Ашт, Куҳистони Мастчоҳ ва Шаҳристон “пешсафанд”
Нишондоди фавти кудакон дар соли 2015 дар 4 шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, аз ҷумла Хуҷанд, Ашт, Куҳистони Мастчоҳ ва Шаҳристон бештар ба қайд расидааст.
Салом Ваҳҳобов – сардори Раёсати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии вилояти Суғд, мегӯяд, тибқи маълумоти оморӣ соли 2015 дар қаламрави вилоят 1138 ҳодисаи фавти кӯдакони то 1-сола ба қайд гирифта шудааст. Ин рақам ба гуфтаи ӯ, дар соли 2014 ба 1284 мерасид: “Гарчанде ҳодисаҳои фавти кӯдакони то 1-сола дар давраи ҳисоботӣ кам ба қайд расида бошад ҳам, аммо нишондоди фавти кӯдакон дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Ашт, Кӯҳистони Мастчоҳ ва Шаҳристон аз нишондоди вилоят баланд аст”.
Ҷаноби Ваҳҳобов яке аз сабабҳои асосии фавти кӯдаконро бо вазни ниҳоят кам таваллуд шудани онҳо марбут донист: “Аз 1138 кӯдаки то 1-сола фавтида, 137 нафари онҳо бо вазни ниҳоят кам (аз 500 то 999 грамм) таваллуд шудаанд, аз ҷумла 67 нафар дар таваллудхонаи вилоятӣ ва 11 тани дигар дар таваллудхонаи шаҳрии шаҳри Хуҷанд ба ҳалокат расидаанд”.
Сардори Раёсати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии вилоят гуфт, дар маҷмӯъ соли сипаришуда 72 ҳазору 608 нафар таваллуд шудааст, ки назар ба соли 2014, 2 ҳазору 365 нафар зиёд аст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |