Бахшҳо
25 янв 2016 13:05Тоҷикистон / Тема дня

Вазир: Риши касеро наметарошему сатреро намекашем

Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, “мо риши касеро наметарошем ва сатри касеро аз сараш намегирем”.

Дар пасманзари хабари расонаҳои маъруфи ҷаҳон оиди тарошидани риши сокинон аз сӯи милисаҳои тоҷик Раҳимзода, имрӯз, 25 январ зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе риштарошию сатркаширо рад карда, таъкид намуд, ки дар ин масъала танҳо аз усулҳои фаҳмондадиҳӣ кор мегиранд.

Раҳимзода ҳадаф аз корҳои фаҳмондадиҳӣ бо ришдорҳою сатрдорҳоро таъмини амният арзёбӣ карда, илова намуд, ки ба ҳамин восита мутобиқати намуди зоҳирию шахсияташонро бо ҳуҷҷатҳо таъмин мекунанд.

Дар мавриди Умар Бобоҷонов, донишҷӯи 23-солаи Донишгоҳи Санкт Петербург, ки ба иддаои наздиконаш барои риш аз сӯи кормандони пулиси шаҳри Ваҳдат латту кӯб шудаасту моҳи сентябри соли 2015 даргузашт, вазири умури дохилӣ изҳор дошт, ки Бобоҷоновро на ба хотири риш, балки барои вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ боздошт кардаанд.

Қаблан мақомоти умури дохилии Хатлон гузориш доданд, ки соли 2015 дар вилоят 1773 зан аз пӯшидани сатр даст кашиданду наздики 90 фоҳишаи сатрпӯшро ошкор кардаанд. Изҳороти Баҳром Шарифзода, сардори пулиси Хатлон, ки соли гузашта риши 12 ҳазору 818 шаҳрвандро ба тартиб даровардаанд, дар сархати расонаҳои маъруфи ҷаҳон қарор гирифт.


Дар акс: Умар Бобоҷонов
Мӯҳр
мухочирин
кай гунахатонро икрор мешавед чанобон

шояд шумо бехабар бошед чаноби рахимзода ё дуруг мегуед чунки валлох ки ман шахсонеро медонам ки бо лату куб ришхояшонро мачбури тарошиданд

Сардор
Он наворам, дуруг буд, ки дар бозори корвон милисахо бо зани хисобдор муомалаи бад намуда, шавхарашро дар махзари омма тахкир карданд,

Дигар зани Зуеумовро ба хотири куштори писараш, ки бо БМА чанд нафарро куштавк мачрух кард, ва танхо ба микдори 120сомони чарима кардедуписари мучрим дар озоди мегардад, ин хам дуруг аст, спноби вазир, дигар агар ин коро як фарзпнди камбпгал мекард, чи ахволе ьа сараш меовардед?

ватан
чаноби вазир суханхои шумо ба суханхои сардори рвкд чт дар вилояти хатлон бахром шарифзода рост намеояд ку.

Чаноби вазир!!!!! Шуморо лозим аст, ки дар хамкори бо ришдору бериш, сатрдору бесатр як чомеаи тоза демократи созен ё макксади ба чари партофтани чамьият дорен. Мо бояд тарбия кунем на ин ки ТАЬКИР!!!!!?????

Vsa
Кай рост мегуен чаноби вазир хо бахром каме пештар гуфта буд икадар Риш тарошидем инкадар хичоба кам кардам

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)