Бахшҳо

Ҳушдори А. Ғоиб: Вазъ метавонад бадтар шавад

Абдуфаттоҳи Ғоиб, сардори Хадамоти гумруки Тоҷикистон имрӯз, 25 январ зимни нишасти матбуотӣ изҳор дошт, ки аз 4,1 миллиард сомонии нақша тавонистаанд, танҳо 3,6 миллиард сомониро ба буҷаи давлат ворид кунанд.

А.Ғоиб сабаби аз нақша 11% кам ворид гаштани пардохтҳои гумрукӣ ба буҷаи давлатро ба коҳиши тиҷорати хориҷии Тоҷикистон рабт дод.

Сардори Хадамоти гумрук изҳор дошт, ки тиҷорати хориҷии Тоҷикистон соли гузашта 4 миллиарду 326,0 миллион доллари амрикоиро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2014- 943,0 миллион доллар ё 17,9 % кам мебошад: “Аз ҷумла воридот 3435,0 миллион доллар ва содирот 891,0 миллион долларро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2014 воридот ба маблағи 863, 0 миллион доллар ва содирот ба қадри 79,0 миллион доллар коҳиш ёфтааст”.

Абдуфаттоҳи Ғоиб зикр кард, ки аз ҳаҷми умумии воридот дар соли сипаригардида ҳиссаи бештарро маҳсулоти нафтӣ — 10,2% ё ин ки 351,6 миллион доллар, гандум 7,1% ё 244,5 миллион доллар, гази моеъ 4,3 % ё 147,0 миллион доллар, оксиди алюминӣ ( глинозем) 3,9 % ё 133,8 миллион доллар, чӯбу тахта 3,8 % ё 129,9 миллион доллар ва воситаҳои нақлиёти сабукрав 2,6 % ё ин ки 88,2 миллион долларро ташкил медиҳанд.

Сардори Хадамоти гумрук коҳиши тиҷорати хориҷӣ ва пардохтҳои гумрукиро ба буҳрони ҷаҳонӣ, ноустуворӣ дар бозори нафт ва коҳиши қурби пули миллӣ нисбати асъори хориҷӣ гуфт. Абдуфаттоҳи Ғоиб бо зикри вазъи буҳронӣ дар ҷаҳон, ҳушдор дод, ки дар соли равон вазъият метавонад бадтар шавад.
Мӯҳр
Трб кимат мешава чи

Воачаб. Ягон вазиру кабир дар гуфтани сабабхои кохиши бучаю иктисод номи мухочиронро ба забон намеорад. Магар ин курнамаки нест?

Шахбоз
Хама мардум гуфтанд ки нарху навои ГУМРУКА набардоред ки вазъ безеб мешавад. Аммо шикамамон сер гуфта ба суханхои мардум ахамият надоден вазъ бад шуд. Ҳоло бо бадтар мешавад агар хамин нарху навои гумрук боки монад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)