Раиси Кумитаи андоз: 30%-и иқтисоди Тоҷикистон пинҳонист

Нусратулло Давлатзода, раиси Кумитаи андози Тоҷикистон бо такя ба пажуҳиши Вазорати рушди иқтисоду савдо изҳор дошт, ки 30%-и иқтисодиёти кишварро иқтисоди пинҳонӣ ташкил медиҳад.
Давлатзода имрӯз, 25 январ зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт, Вазорати рушди иқтисод якҷо бо маркази таҳқиқотии Шарқ муайян кардаанд, ки 30%-и иқтисодиёти кишвар пинҳонӣ аст. Раиси Кумитаи андоз афзуд, ки иқтисоди пинҳонӣ дар бисёри кишварҳо ҷой дорад ва илова намуд, ки мо кӯшиш мекунем, аз густариши ин раванд дар Тоҷикистон ҷилавгирӣ кунем.
Давлатзода инчунин изҳор дошт, ки соли гузашта 22,5 ҳазор соҳибкор фаъолияташонро қатъ кардаанд. Ӯ омилҳои ин равандро гуногун гуфт, “аз ҷумла аз уҳдаи кор намебароянд, андозҳоро супорида наметавонанд ва ин боиси қатъи фаъолияташон мешавад”.
Дар мавриди ширкати “Вавилон М” раиси Кумитаи андоз изҳор дошт, ки соли гузашта 13,5 миллион сомониро ба буҷа пардохт кардааст. Давлатзода гуфт, “Вавилон М” бояд 324 миллион сомонии дигарро ба буҷаи давлат ворид созад. Ӯ афзуд, бо роҳбарияти ин ширкат созиш кардаанд, ки қарзашонро дар назди буҷа марҳила ба марҳила бо назардошти имкониятҳо пардохт хоҳанд кард.
Раиси Кумитаи андози Тоҷикистон, илова кард, ки бақияи қарзи корхонаю ташкилотҳо аз андоз ба ҳолати 1 декабри соли 2015 653,2 миллион сомониро ташкил додааст, ки аз 142,4 миллион сомонияш ба ширкати “Барқи тоҷик” рост меояд.
Ба гуфтаи раиси Кумитаи андоз соли гузашта нақшаи даромади андозро 101,3 фоиз таъмин кардаанд ва талош мекунанд, ки соли равон низ нақшаро барзиёд иҷро кунанд: "Мо худ камбудиҳо дорем. Бисёр имкониятҳое ҳастанд, ки истифода набурдаем. Муҳим давлат тинҷ бошад, буҷаро иҷро мекунем. Дар ин хусус хушбинем".
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 |
5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 |
12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 |
19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 |
26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |