Бахшҳо

Шарҳи вазири адлия дар бораи таблиғи салафия дар зиндонҳо

Рустами Шоҳмурод, вазири адлияи Тоҷикистон изҳороти Худойбердӣ Холиқназар, раиси Маркази тадқиқоти стратегии назди Президентро оиди таблиғоти густурдаи ҳаракатҳои ифротӣ, аз ҷумла салафия дар зиндонҳоро шарҳ дод.

Вазири адлияи Тоҷикистон, имрӯз, 28 январ дар шарҳи ин изҳорот гуфт, якҷо бо масъулини Кумитаи дини кишвар алайҳи таблиғи ҳаракатҳои ифротӣ дар зиндонҳои кишвар чораандешӣ мекунанд. Рустами Шоҳмурод изҳор дошт, ки таблиғи ошкорои ифротгароӣ дар зиндонҳои Тоҷикистон нест: “Шароити намозгузориашонро таъмин мекунем, аммо ҳолатҳои таблиғи ифротгароиро ба қайд нагирифтаем”.

Ӯ афзуд, махсусан бо маҳбусоне, ки бо иттиҳоми ифротгароӣ зиндонӣ шудаанд, корҳои тарбиявӣ мебаранд.

Ин дар ҳолест, ки Худойбердӣ Холиқназар, стратеги №1-и назди Президент зимни як ҳамоиш дар Душанбе изҳор дошт, ки бисёри мадориси хориҷӣ, аз ҷумла дар Покистон салафиҳои такфирӣ тайёр мекунанд. Ӯ гуфт, баъдан салафиҳо ба пайравонашон фармон медиҳанд, ки ба Ватан баргашта ҷиноят содир кунеду маҳбас равед: “Дар маҳбасҳо салафияро таблиғ мекунанд. Имрӯз 70-80 фоизи маҳбусҳо салафиянд. Агар онҳо бароянд чӣ кор мекунанд?”-суол гузошта буд Худойбердӣ Холиқназар.

Раиси Маркази тадқиқоти стратегӣ илова намуд, ки тадқиқот миёни ҷавонон нишон дод, ки бисёрашон аз оддитарин асосҳои Ислом огоҳӣ надоранд ва фарқ байни мазҳабҳоро дарк намекунанд. Ӯ гуфт, бо назардошти ин пешниҳод кардаанд, ки дар синфҳои болоии макотиби миёна ва донишгоҳҳои кишвар фанни “Таърихи дин” таълим дода шавад.
Мӯҳр
Хубтар аз хама як канали нави телевизиоини бо номи "Куръон" таъсис бидихед, ки дар он хостахои ин китоби мукадас аз нигохи мазхоби ханафи ба мардум фахмонда шавад. Ин хеле мухимаст барои пешгирии ноороми дар байни чомеа.

Ана Шурои уламо бояд тарбия кунен на инки хомуш шинен ....

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)