Санҷиши мактабҳои ронандатайёркунӣ баъди 449 марг дар роҳ
Комиссияи ҳукуматии Тоҷикистон оид ба таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ, ки намояндагони аксари ниҳодҳои давлатии кишварро дар бар мегирад, тасмим гирифтааст, ки назорату санҷиши мактабҳои ронандатайёркунӣ пурзӯр карда шавад.
Дар ҷаласаи комиссияи ҳукуматӣ, ки имрӯз, 28 январ таҳти раёсати Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон дар бинои “Шаҳри бехатар” баргузор шуд, таъкид гардид, ки яке аз сабабҳои асосии сар задани нохушӣ дар роҳҳо надонистани қоидаҳои ҳаракат ҳам аз ҷониби пиёдагардон ва ҳам аз ҷониби ронандагон мебошад.
Вазорати умури дохилӣ бо такя ба ҳисоботи Саидзода Маҳмадсаид, сардори БДА-и Тоҷикистон иттилоъ дод, ки 34 дарсади ҳалоку маҷруҳшудагон пиёдагардон мебошанд. Ба иттилои манбаъ бештари нохушиҳо дар пайи аз меъёр зиёд намудани суръати ҳаракат рух медиҳанд.
Комиссияи ҳукуматӣ зимни ҷаласа гурӯҳи кориро ташкил додааст, ки фаъолияти омӯзишгоҳҳои касбӣ-техникӣ ва дигар муассисаҳои омодасозии ронандаҳоро мунтазам таҳти санҷишу назорат қарор медиҳад. Инчунин Комиссияи ҳукуматӣ қарор намудааст, ки таълими қоидаҳои ҳаракат дар муассисаҳои таълимии миёнаю олӣ пурзӯр карда шавад.
Тибқи иттилои Вазорати умури дохилӣ тайи соли 2015 бар асари 1 ҳазору 475 садамаи нақлиётӣ 1 ҳазору 576-нафар ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, 449-нафари дигар ба ҳалокат расидаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |