Бахшҳо

Азимов: Дар баҳманмоҳи хунин Салимов даст надошт, гунаҳкорони асосӣ беҷазо монданд

Амирқул Азимов, раҳбари гуруҳи тафтишотии ҳодисаҳои баҳманмоҳи соли 1990 дар мавриди фармони тирпаронӣ ҷониби эътирозгарон, нахустин кушташуда, мансабталошиҳо, бегуноҳии Ёқуб Салимов, фалаҷии ҳукумати вақт ва дасти ҷинояткорону "нимчамуллоҳо" дар он хунрезиҳо суҳбат кард.

Амирқул Азимов иддаоҳо дар мавриди аз сӯи Ёқуб Салимов, аз чеҳраҳои шинохтаи олами ҷиноӣ ва сарвазири вақт Иззатулло Ҳаёев тарҳрезӣ шудани ҳаводиси баҳманмоҳи соли 1990-ро бепоя хонд. Ӯ имрӯз, 28 январ дар ҳамоиши “Гуфтугӯи тамаддунҳо” дар Душанбе изҳор дошт, Ёқуб Салимов дар ин қазия даст надорад ва он шабурӯз умуман дар Душанбе набуд.

Ба гуфтаи Азимов, ҳодисаҳои баҳманмоҳ аз паҳни хабари бардурӯғ дар бораи омадани ҳазорҳо армании фирорӣ ба Душанбе ва додани хона ба онҳо сар задааст. Ӯ изҳор дошт, дар ин ҳаводис асосан се нерӯ -- "нимчамуллоҳои ифротӣ", гуруҳи ҷиноятпеша ва созмонҳои навташкил даст доштанд, ки ҳанӯз аз моҳи январи соли 1990 дар масҷидҳо, корхонаҳо, хобгоҳҳои донишҷӯён овозаҳои бардурӯғ дар бораи додани манзил ба арманиҳоро паҳн карданд. Ба гуфтаи ҷаноби Азимов, 9 феврал гуруҳҳои ҷиноӣ дар Душанбе ҷамъ шуда, қарор карданд, ки алайҳи арманиҳои фирорӣ чора андешанд: “Аллакай шаби 10 ба 11 феврал як гуруҳ ҷавонон дар маҳаллаҳои Испечак, Авул ва Зарафшон ба хонаи арманиҳо ҳуҷум карда, онҳоро латту кӯб ва ғорат намуданд. Рӯзи дигар ин гуруҳҳо бо афроди дигаре, ки муллоҳо ҷалб карданд, назди ҳайкали Ленини бинои парлумон ҷамъ омада, маслиҳати митингро намуданд ва назди бинои Кумитаи марказӣ омаданд”.

Амирқул Азимов иддаоеро, ки гӯиё ҳеч нафаре аз роҳбарони вақти Тоҷикистон назди эътирозгарон набаромаданд, беасос хонда, афзуд, он рӯз Қаҳҳор Маҳкамов аз соати 2 то 3 ба гирдиҳамомадаҳо фаҳмонд, ки овозаҳо дар бораи додани хона ба арманиҳо бепояанд: “Соати 5 як гуруҳи тафтишотии иборат аз намояндаҳои ҳукумат, созмонҳои мардумӣ ва руҳониҳо ташкил шуд, ки бояд давоми 24 соат ба ҷойҳое, ки гӯиё арманиҳо он ҷо қарор доранд, мерафтанду ба издиҳом гузориш медоданд”.

Раҳбари гуруҳи тафтишотии ҳодисаҳои баҳманмоҳ илова намуд, ки бо вуҷуди ин созиш афроди алоҳида бегоҳи рӯзи 11 феврал боз дар масҷиду хобгоҳу корхонаҳо дар бораи ҳузури арманиҳо овозаҳои бардурӯғ паҳн намуданд ва 12 феврал теъдоди бештари одамон ба майдон рехтанд: “Издиҳом оҳиста-оҳиста бештар шудан гирифт. Бетартибиҳо оғоз шуданд. Аллакай соати 14:00 мағозаҳо ғорат шуданд. Дар назди бозори Баракат 40 мағозаро ғорат карда, оташ заданд. Гуруҳи асосӣ ба бинои Кумитаи марказӣ ва Вазорати хоҷагии об зада даромад. Барои ҳимояи иншооти давлатӣ неруҳои махсус даъват шуданд ва дар бархӯрд чандин кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ осеб бардошт”.

Ба гуфтаи Азимов, вазъият торафт тезутунд шуд ва кормандони ҳифзи ҳуқуқ ба хотири ҷилавгирӣ аз хунрезӣ аз силоҳ истифода намуда, нахуст ба ҳаво ва баъдан ба тарафҳо тир холӣ карданд. Ӯ афзуд, нахустин кушташудаи ҳодисаҳои баҳманмоҳи соли 1990 "митингчие буд, ки соати 14:45 сари чанбари автобуси экарус, ки оташ зада шуда буд, нишасту сӯи бинои Кумитаи марказӣ ҳаракат кард. Ин дар наворҳо ҳаст ва кормандони ҳифзи ҳуқуқ сӯи ӯ тир холӣ карданд”.

Дар идомаи маҳфил аз ҷаноби Азимов пурсида шуд, ки фармони холӣ кардани тир ҷониби эътирозгаронро кӣ дод, зеро Қаҳҳор Маҳкамов, раҳбари вақти Тоҷикистон изҳор дошта буд, чунин амрро надодааст? Ӯ посух дод, тиркушоӣ на ҳама вақт бо фармони раҳбари давлат мешавад: “Масалан, сарҳадбон вақте сарҳадшиканиро дид, метавонад тир кушояд. Кормандони милиса низ вақте диданд, автобуси оташгирифта сӯи даҳҳо нафар ҳаракат дорад, барои пешгирӣ аз хунрезӣ ҳақ доранд, аз силоҳ истифода кунанд”.

Амирқул Азимов гуфт, силоҳ асосан алайҳи афроде истифода шуд, ки дар нооромиҳои баҳманмоҳ даст ба ҷинояткорӣ ва ғорати мардум мезаданд. Ба гуфтаи ӯ, дар нооромиҳои баҳманмоҳ гуруҳҳои ҷиноятпеша мошинҳои шахсҳои аввали ҷумҳуриро ғасб намуда, дар кӯчаҳои Душанбе мардумро ғорату латту кӯб мекарданд: “Аллакай шаби 12 феврал соати комендантӣ ва дар Душанбе ҳолати фавқуллода эълон шуд. Бо вуҷуди эълони соати комендантӣ ҷиноятпешаҳо бо мошинҳои ғасбкардаашон рафтуо намуда, ба ҷинояту ғоратгарӣ даст мезаданд. Ин ҳодисаҳо шабҳои 12-14 феврал идома доштанд ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳақ доштанд, алайҳи ин саркашҳо аз силоҳ истифода кунанд”.

Раҳбари тафтишоти ҳаводиси баҳманмоҳ инчунин иддаоҳоро, ки гӯиё барои саркӯби эътирозгарон аз Макав гуруҳи “Алфа”-и КГБ омадааст, беасос хонд. Ӯ инчунин гуфт, зимни тафтишот далели даст доштани хориҷиҳо дар он эътирозу хунрезиҳо тасдиқи худро наёфтааст.

Меҳмони “Гуфтугӯи тамаддунҳо” дар идома гуфт, дар ҳаводиси баҳманмоҳ, масъалаи арманиҳо аз миён рафт ва эътирозгарон истеъфои роҳбарони вақти Тоҷикистонро ба миён гузоштанд. Ба гуфтаи ӯ, эътирозгарон намояндагони худро барои гуфтушунид бо ҳукумат пешниҳод карданд, ки “Кумитаи 17” унвон гирифт. Оқои Азимов илова намуд, зимни гуфтушунид таҳти фишор роҳбарони вақт – котиби аввали Кумитаи марказӣ Қаҳҳор Маҳкамов, сарвазир Иззатулло Ҳаёев ва раиси раёсати Шӯрои олӣ, порлумони вақти Тоҷикистон -- Ғоибназар Паллаев зери санади истеъфояшон имзо гузоштанд, аммо пленуму парлумон онро қабул накард: “Истеъфо зери фишор буд. На барои он, ки роҳбарони Тоҷикистон аз касе тарсиданд, балки мехостанд, аз хунрезӣ пешгирӣ кунанд, зеро вақте дар утоқи гуфтушунид буданд, намояндаи гӯиё мардум медаромаду мегуфт, ки шумо ҳоло ҳам ба протоколи истеъфо имзо нагузоштаед, он ҷо автобус, хона ё мактабҳоро бо одамон оташ мезананд”.

Ба гуфтаи Азимов, таҳти чунин таҳрикҳо роҳбарони Тоҷикистон зери санади истеъфо имзо гузоштанд, аммо дар санад таъкид шуда буд, ки истеъфо қонунӣ сурат мегирад ва онро бояд пленуму парлумон тасдиқ намоянд: “То тасдиқи истеъфо ваколатҳои роҳбарони Тоҷикистон ҳифз мешуданд. Пленум ин истеъфоро дастгирӣ накард”.

Ба иттилои Амирқул Азимов, дар ҳодисаҳои баҳманмоҳи соли 1990, 25 нафар кушта ва 291 кас ҷароҳат бардоштаанд. Аз ин теъдод 122 нафар бо корд захмӣ шудаанд. Ӯ изҳор дошт, дар робита ба ҳаводиси баҳманмоҳ 121 нафар ба ҳабс гирифта шуда, нисбати 700 тан дигар намуди ҷазо таъин шуд: “Барои он дигар намуди ҷазо татбиқ шуду парвандаи ҷиноӣ алайҳи бархе қатъ шуда буд, ки миёнашон ноболиғон буданду афроде, ки фирефта шуда буданд”.

Ба таъкиди ҷаноби Азимов ҳаводиси баҳманмоҳ бояд барои ҳама панд мешуд, аммо ба иддаои ӯ, баҳои нодурусту тафсирҳои гуногун дар ВАО, инчунин дар ҷойҳои ҷамъиятию масҷидҳо боис шуд, ки хунрезиҳо соли 1992 такрор шаванд. Вай аз ҷумла, аз инъикоси нодурусти ҳаводиси баҳманмоҳ дар нашрияҳои "Чароғи рӯз", "Сухан", "Адолат", варақаи "Растохез", "Адабиёт ва санъат" зикр карда, гуфт, агар ба ҳаводиси баҳманмоҳи соли 1990 баҳои ҳамвазн, якдилона ва воқеӣ дода мешуд, хунрезиҳои солҳои баъдӣ такрор намешуданд: “Ин бад кардан нест, бигзор панд шавад”.

Меҳмони "Гуфтугӯи тамаддунҳо" дар хулосаи суханаш перомуни ҳаводиси баҳманмоҳ изҳор дошт, он замон то андозае фалаҷ шудани ҳукумат низ ба мушоҳида мерасид: “Мансабхоҳон бо афроди ҷиноятпеша дар корхонаҳо гӯиё маҷлиси умумӣ ташкил карда, роҳбарони собиқадорро барканору ҷинояткоронро роҳбар мемонданд... Қабл аз баҳманмоҳ низ эътирозҳои ғайриқонунӣ, ки бе иҷозат сурат мегирифтанд, буданд, аммо ҳукумат чора наандешид”. Ӯ дар мавриди сукути ҳукуматдорон афзуд, "шояд тарсиданд, чун диданд дар кишварҳои назди Балтикаю ғайра мансабдороне, ки алайҳи эътирозгарон чора андешиданд, ба ҷавобгарӣ кашида шуданд".

Ӯ изҳор дошт, ҳукумат ва мардум ба ошкорбаёнию бозсозию демократикононие, ки охири солҳои 80-уму аввали солҳои 90-ум ба cари мо омад, омода набуданд. Азимов гуфт, ошкорбаёнию бозсозӣ ниқоб барои мансабхоҳону чоҳталабон шуд, ки мардумро бо баҳонаи беҳбуди зиндагӣ ба майдон кашиданду бесаробон монданд. Ӯ илова намуд, то ҳол бар ин аст, ки гунаҳкорони асосӣ, на онҳое буданд, ки ба кӯча баромаданд, балки саркардаҳое, ки бо ғояҳои бегона мардумро фирефта карданд, ҳанӯз ҷазо нагирифтаанд ва таъкид кард, инро ба виҷдони онҳо ҳавола мекунад.
Мӯҳр
Чаро дуруг мегуед? вокеахои соли 90 дар утокхои Хизби комунисти точикистон ва марказ тахрези шуда буданд.Чомеаи Точикистон кайхо ин сирри хунинро ошкор кардаги мебошанд.

мехмон
Хамааш сад фоиз дуруст. Каххор Махкамов инсони дурбин буданд. Сад афсус Хочи Акбар , Мирбобо Миррахим, Гулрухсор, Бозор Собир ,Додочон , Давлат Усмон, Бури Бачабекович кори маразона карданд. Ман шохиди он ходисахо будам . Тамоми магозахоро дуздиданд , русхоро заданд , аз болои купруки пеши боги хайвонот партофтанд. гуломи русхоем гуфтанд , лекин имруз гуломи онхо дар хакикат шудем ! Он вакт дод задед ки гуломи русхоем имруз ки хастем ? Он вакт Махкамов аз Ленинобод аст истефо дихад гуфтед . Мард шаведу равед гуфтед ,рафт!! Аз кучое буд годами дурбин ва боандеша буд. Имруз ТОЧИКИСТОН БА як колхози Белоруссия ё Россия баробар шуда наметавонад !!
Мана окибати кори аблаххои соли 1990 !!! Илтимос чоп кунед , ягон хатоги надорад.

Калушшаппак.
А.Азимуф, русхо мегуянд,км моро точикхо хамон рузхо кир карданд.Бале Екуб Салимов набуд он чо.Вале чаро намегуед,км кувваи асосии горатгарон аз шахри Кулобу собик вилояти Кулоб буданд.Чаро дуруг мегуед?Метарсед?Рохбарии гирдихамоиро сараввал муаллимони УДТ ба ухода доштанд.Афротиву нимчамцллохо он кадар фаьол набуданд.Камол Ходов км буд?Русзои шахрнишинро дату куб карданд,чаро хомушед.Имрузхо,МО мухочирон дар Россия садо намебарорем.Дархол русхо лахони моро мебанданд.
Вакте км шиори "Точикистон ба точикзабонон"по донигчуени айниги дар болот боми баландошенаи ру ба руи ЦК намоиш медоданд,омала чи гуфти?"Э офарин чавонони каздониву фалгари,харакат кунед"!мегуфти.

вп
Ин гапхоро хамон солхо хам Хукумати Точикистон мегуфт (официальная версия). Хочати такрор кардан нест. Ташкилотчии асосии ин ходисахо КГБ ва сардори онвактаи он Петкель буд. Максад он буд, ки ходисахоро ташкил намуда ба гардани куввахои оппозициони бор кардан ва оппозицияро пачак намудан.

Мехмон
вп,
Дар вокеахои 1990 кулобию гарми ё дигар махалхо набуд. Магар Хочи Акбар ,Мирбобо Миррахим ,Бури Карим,Давлат Усмон КГБ буданд ё аз Кулоб ? Ахолии онвактаи Душанбе 2% кулоби надошт . Факат донишчухо ва ягон ягон коркунони хукумат . Ягон кас аз донишчухо мемонд мемонд ,дигараш ба Кулоб бармегаштанд.

кулоби
ба калушкушак вакте ходисазои срли 90 буд мардуми вилояти кулоб дар кулоб буда дар ин гораткуни даст надоштан чи дуруг мегуи сокинони в.кулоб соли 1992 бо ба майдони озоди омаданд. таърихро намедони сафсата нагуй

вп
Мехмон,

Ким чихо гуфта истодаи. Аккалан худат мефахми ки чи гуфти? Гап умуман на дар бораи кулобиву на гарми меравад? кулобихо он вакт дар сари хокимият набуданд. Оппозицияи онвакта ин Хизби демократ, Растохез ва ХНИТ буданд. Хукумати онвакта (аниктараш КГБ) накша кашида буд, ки ана хамон хизбхоро бадном кунад.

Мехмон
вп,
Мебахшед ин гапхо ба калушпушак тааллук дорад. Хатои техники шудааст.
Аммо КГБ ягон дахле надорад. Тохири Абдучаббор, Шодмон Юсуф , Давлат Усмон аз сустии СССР истифода бурдани шуданд.
Хукумати онвактаи Точикистон ба ин гуна игвохо тайёр хам набуд. Магар КГБ ба куштану бехонумон кардани русхо рози мешуд ? Ё Махкамов ба пои худ теша мезад ? Не халки МО ба ягон гирдихамои ва табадуллот тайёр набуданд. Ин чо хизмати хирсонаи Хочи Акбар аз хама зиёд хаст.

вп
Мехмон,

КГБ-и Точикистон як кисми КГБ-и СССР буд ва умуман ба рохбарияти онвактаи Точикистон итоат намекард. Онхо аз Махкамов напурсида ин ходисахоро ташкил карданд. Аз руи накша русхоро бояд латту куб намекарданд. Лекин вакте, ки чараени ходисахо аз тахти контрол баромад, дастаи Альфаи КГБ-ро оварданд. Онхо 28 нафар точикро парронданд. Баъд боз бригадаи дестанти аз Новосибирск дароварда шуд. Танхо пас аз ин латту куби русхо огоз шуд.

Ta'richro digar karda nametavoned!Kaj istoda rost suchan kardan lozim.!KGB nabud ,ALFA nabud,unu onash nabud,gufta gashtan gired kani chi gap meshavad boz!?

парламент
Хануз дар хуни шумо Азимов хуни комунисти хаст хануз мардумро ба фиреб мекшед хануз дуруг мегуед магар ин муллохо чи кораанд ки хама чизро ба гардани онхо меандозед чаро ин кадар миллати точикро фиреб мекунед? ааз дуои миллат тарсед. миллатхои дигар ба космос сафар мекунанд шумо мардумро ба чукури тела медихед? шарм доред

Мехмон
вп,
Бародар гурухи десанти баъди умуман аз контроль баромадани издихом соати 22 шаб партофта шуда буд ! Аллакай чанд кас маъюбу кушта шуда буд. Мо хатои калон кардем. То хозир мавкеи худро наёфтаем дар микёси чахони ! Бовар кунед агар миллатро давлатро эътироф кунанд камбагалтарин раияташ дар хорича кадр мешавад. МО чи ? Хатто дар Россия эътироф намекунанд. Ба хамаи ин вокеахои феврали замина гузоштааст. Гаштем иди кадую иди харбузаю тарбуз карда.

Бижан
Бародарон касе далели аник дар бораи ходисахои соли навад надорад савсатаи бе маъниро нанависад. Хамаи он ходисахо на аз арманихо балки аз солхои хаштодум яроку аслиха аз Афгонистон оварда дар кухсор пинхон карда шуда буд. Бархам додани хукумати шурави амали амрикоихо буда аз бесаводию беаклии мардуми мо истифода бурда ба ходисахои хунин оварда расонид. КГБ- и хамонвакта бо кадрхои босаводи давраи шурави таъмин буд. Хукумат аз вазифаи худ набаромад.....

ватандор
дуруғ ҳам ба эбаш будагист... нооромиҳо соати 5-и бегоҳ сар шуданд..... ягон мақоми ҳукуматии он давр ба назди мардум набаромад.... агар мебаромад ин фоҷеа руй намедод

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)