Бахшҳо
29 янв 2016 10:32Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Парлумон барои беҳтарин матлаб дар мавзӯи экология 4000 сомонӣ медиҳад

Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Тоҷикистон озмуни ҳамасолааш дар мавриди пешниҳоди матолиб дар мавриди экологияро эълон кард.

Муҳамадато Султонов, сухангӯи палатаи поёнии парлумон ба “Озодагон” гуфт, дар озмун гуруҳҳои эҷодӣ, олимон, журналистон, коршиносон, мутахассисон ва намояндаҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ иштирок карда метавонанд: “Ба озмун силсилаи мақолаҳо, филмҳои мустанад, наворҳои тарғиботӣ ва дигар маводи итилоотӣ оид ба экология ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ, асарҳои беҳтарин дар мавзӯи экология бо мақсади тарғиби сиёсати экологии Тоҷикистон ва инъикоси воқеъбинонаи мушкилоти экологии кишвар пазируфта мешаванд”.

Ҷаноби Султонов афзуд, ҳайати Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагонимрӯз, 29 январ феҳрасти мавзӯъҳоро муайян карданд:
-тағйирёбии иқлим, чораҳои пешгирӣ ва мутобиқшавӣ ба он;
-истифодаи захираҳои обию энергетикӣ;
-масъалаҳои экологии байнисарҳадӣ;
-инъикоси мавқеъ ва сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист, аз ҷумла истифодаи захираҳои обию энергетикӣ;
-энергетика ва рафъи камбизоатӣ;
-тарбия ва маърифати экологии аҳолӣ;
-ҳифзи гуногунии биологии кишвар;
-идоракунии партовҳо;
-нақлиёт ва ҳифзи ҳавои атмосфера.

Ба иттилои манбаъ матлабҳо бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ё англисӣ то 20 декабри соли 2016 қабул мешаванд. Барои ҷои аввал 4000 сомонӣ, ҷойи дуюм 3000 ва ҷойи сеюм 2000 сомонӣ тақдим мешавад.
Мӯҳр
Ба кадом сурога бояд равон кардан лозим? Агар сурогааш мешуд бисер оли буд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)