Бахшҳо

6 ҳабси якумра: Барои қатли ҳомила, таҷовузи духтари 6-сола ва...

Шӯрои адлияи Тоҷикистон мегӯяд, соли гузашта дар кишвар 6 нафар ба ҳабси абад маҳкум шудаанд, ки нисбати соли 2014 як ҳолат зиёд мебошад.

Дӯстмурод Муродзода, раиси Шӯрои адлияи Тоҷикистон, имрӯз, 1 феврал зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе изҳор дошт, ки ҳабси абад алайҳи афроде татбиқ шудааст, ки дар ҷиноятҳои махсусан сангин гунаҳкор дониста шуданд

Ба гуфтаи Муродзода аз ҷумла додгоҳ Абдулазиз Усмонов, маъруф бо номи “Ҳоҷӣ Самандар” ва зердасташ Саидмурод Мадалиевро барои қатли бародарон-Раҷабалӣ ва Фарҳод Каримовҳо, ба ҳабси абад маҳкум кардааст. Қаблан Худи ҳоҷӣ Самандари 53-сола дар шарҳи омилҳои даст задан ба ин ҷиноят гуфт, Каримовҳо аз ӯ беш сад кило героинро бо нархи 4 ҳазор доллар сари ҳар кило гирифта, маблағашонро надодаанд.

Раиси Шӯрои адлия илова намуд, ки инчунин соли гузашта барои абад ба зиндон Ҷамшуд Раҳимов равона шудааст, ки ҳамсари ҳомила ва хушдоманашро қатл карда, ба хоҳарарусаш зарари вазнин ҷисмонӣ расондааст.

Инчунин Амирхон Ҳотамов, донишҷӯи соли панҷуми факултаи таърих ва ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб барои қатли ду донишҷӯи ин донишгоҳ ҳукми абад гирифтааст.

Тибқи иттилои раиси Шӯрои адлия додгоҳи ноҳияи Конибодом Юлдошев Баҳроми 38-соларо, ки фарзандони худ, Заринаи 7-сола, Нурмуҳаммади 12-сола ва ҳамсараш – Эргашева Дилороми 39-соларо ваҳшиёна бо табар ба қатл расонда буд, абадан равонаи зиндон намудааст.

Дар баробари ин ба иттилои манбаъ додгоҳи вилояти Суғд Юрий Коноваловро дар таҷовуз ва қатли бераҳмонаи духтари 6-солаи ҳамсоя гунаҳкор дониста, ба ҳабси абад маҳкум кардааст.
Мӯҳр
IШарифбег, н.Мастчох
Мухтарам Раис! Дуруст кардаед. Чинояткор бояд чазояшро бинад. Хусусан ба касе, ки ба зан-модар ва умуман ба чинси латиф бо ин сангдили муносибат мекунад.Ин каззия мо сокинони нохияи Мастчохро низ ба зтироб овардааст. Аввали мохи январи соли чори дар нохияи мо, аз чумла дар хонадони Н.Ч., ки хамрох бо писараш гох-гохе дар телевизиони чумхури ва махсусан байни мардум дигаронро насихат карда вазъ мехонанд, келини хонадон,духтари боиффату покдомани 24 сола, ки як тифли 4 моха хам дошт, ба фишору тахкир ва озори чисмонии зиёд тоб наоварда,худро ба катл мерасонад ё ба катлаш мераонанд маълум нест.Ин фочеа то имруз мо сокинони дехахои гирду атрофи н.Мастчохро ором гузошта наметавонад. Илтимос раиси мухтарам Дустмурод Муродзода бахри муайн кардан ва ба чавобгари кашидани, чунин афрод кумак мекардед ва чазои сазовор медоде. Охир ману шумо хам фарзанд дорем. пагох келин мекунем,духтар медихем. Барои хамин хам кадри хамдигарро донем. Пеш аз он ки дигаронро насихат кунем, аввал худро ислоху тарбия кунем.

Сулаймон , н. Варзоб
Аз кормандони сомонаи дустдоштаам "Озодагон" хохиш мекардам, ки нисбат ходисае, ки аввали мохи январи хамин сол боиси марги келини 24 сола дар нохиям Мастчох гаштааст, матлабе омода мекардед хуб мешуд.Чи гап аст , чи шудааст? шояд касе камбудии худро ислох мекунад ё ба дигарон хушдор мегардад

Маҳмуд н. Мастчоҳ
Хуб қайд кардед Шарифбек. Ман ҳам мехоҳам ин ҳодисаро озодагон нашр кунад. То ки барои дигарон ибрат шавад!

Хуб қайд кардед Шарифбек. Ман ҳам мехоҳам ин ҳодисаро озодагон нашр кунад. То ки барои дигарон ибрат шавад!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)