Бахшҳо

Раиси Тоҷиксодиротбонк: Президент моро таъриф кард, овозаи муфлисшавӣ дурӯғ аст

Тоҷиддин Пирзода, раҳбари “Тоҷиксодиротбонк” овозаҳо дар бораи вазъи бади молиявии бонки тобеашро рад карда, гуфтааст, ин овозаҳо аз ҷониби гуруҳҳои манфиатдор паҳн мешаванд.

Ӯ дар шарҳи овозаҳо дар мавриди эҳтимоли муфлисшавии “Тоҷиксодиротбонк” ба хабаргузории “Ховар” гуфтааст, умри дурӯғ кӯтоҳ аст: “Саҳми Тоҷиксодиротбонк дар низоми бонкии кишвар аз 21 то 27 дарсадро ташкил дода, феълан 95 намояндагии бонк бо шароити муосир дар нуқоти гуногуни кишвар фаъолият доранд. Агар соли 2006 бонк 315 коргар дошт, айни ҳол 3 327 коргар дорем”.

Раиси "Тоҷиксодиротбонк" дар идома гуфтааст, овозаҳо дар мавриди вазъи буҳронии бонки тобеаш метавонад ду омил дошта бошад: “Нахуст-буҳрони молиявии ҷаҳонӣ мебошад, ки зери таъсираш ба иқтисодиёти Тоҷикистон нишондодҳои истеҳсолӣ дар кишвар коҳиш ёфтанд. Инчунин вазъи бади молиявӣ дар Русия боиси коҳиши даромади муҳоҷирон шудааст, ки инро бисёре аз оилаҳо дар Тоҷикистон эҳсос карданд. Қобилияти харидории аҳолӣ кам шуд, гардиши мол поин рафт ва дар натиҷа барои мизоҷон бозгардондани қарзҳои бонк мушкил гардид. Гузоштани пасандозҳои бонкӣ кам гардида, якбора мизоҷон хостори гирифтани пасандозашон аз бонк шуданд. Барои ин бонк на бархе ҳолатҳо натавонист саривақт ва пурра уҳдадорияшро иҷро кунад”.

Тоҷиддин Пирзода афзудааст, омили дуюми овозаҳо метавонанд гуруҳҳои манфиатдор бошанд, ки қасдан чунин дурӯғро паҳн мекунанд: “Гуруҳҳои манфиатдоре ҳастанд, ки бо мақсади халалдор намудани рушди иқтисодии Тоҷикистон ва эҷоди нобоварӣ миёни ҳамватанон чунин овозаҳоро паҳн мекунанд. Ин нукта дар мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон раисиҷумҳури Тоҷикистон бо намояндагони бонкҳо, ки 22 январ баргузор шуд, таъкид гардида буд”.

Ӯ гуфта, ки Эмомалӣ Раҳмон дар ин мулоқот аз "Тоҷиксодиротбонк" тавсиф намудааст, ки бо бунёди биноҳои муосири намояндагиҳо дар навоҳии кишвар мардумро бо ҷои кор таъмин мекунад: “Дар мулоқот раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, ки ҷаҳиши қурби асъори хориҷӣ дар кишвар омили сунъӣ низ дорад. Раисиҷумҳур афзуд, ки мафҳуми қурби кӯча ва қурби расмӣ бояд аз байн бурда шаванд, бояд қурби ягона бошад, ки онро на кӯча, балки Бонки Милллӣ муайян мекунад”.

Дар мавриди он ки Бонки рушди Тоҷикистон, ниҳоди тобеи "Тоҷиксодиротбонк" ба бонки исломӣ мубаддал мешавад, ҷаноби Пирзода изҳор дошта, феълан бо ин ҳадаф бо Корпоратсияи исломиии рушди бахши хусусӣ - ICD, ҳамкорӣ доранд: “ICD 7 гуруҳи мушовиронашро ба Бонки рушди Тоҷикистон фиристодаст. Ин гуруҳ айни ҳол дар Бонки рушди Тоҷикистон дар мавриди мутобиқсозии идора бо шариати Ислом, муҳосибот, мутахассисон, дарёфти бозор ва ғайра кор карда истодаанд. Ният дорем, дар нимсолаи дуюм бонкдории исломиро роҳандозӣ кунему ба мизоҷон нахустин хизматрасониҳоро дар ин шакл пешниҳод намоем”.
Мӯҳр
Офарин чаноби Пирзода. Хамеша дар фикри созандаги ва пешрафти ватан хасти! Хар сохибкор мисли Шумо ободкор, созанда ва 3-4 хазор шахрвандро бо чои кор таъмин мекард холо ватан гулистон мешуд.

ман гам нахурдаам гам хурдааст маро

Голиб
Содирот бонки щурообод чи ?

Муаллима Душанбе
Эй худочон бовар кунед, ки мо муаллимон аз ин бонк маош мегирем, ки бисёр дар азоб хастем. Дар банкоматхо пул нест аз бонк факат сесад сум медиханд, намедонем додамонро ба ки гуем. Кадом соате, ки назди банкомат равем пул нест, факат як гап доранд система кор намекунад. Вой дод вой доддддддддддддддддддд

муштари
Дар ВМКБ содиротбонк нуктахои зиед дошта ба мардум зур хизмат дорад ва пешсаф аз дигарон аст. Ташаккур ба командаи Шумо мухтарам Точиддин. Асло пир нашави

Ин хама даг~дага ай хисоби мардуми бечора, вагар на ин бонк чи хидматхора ба мардум карда????? бугу , ки чанд нафара бехонаву бенон карден?????!!!!!!

Пеш аз хама корхонахоро чалб кардан бояд пешаки фикр кардан даркор одамоне хастанд, ки 300с 840с дар як мох маош мегиранд. Барои маоши худро сари вакт гирифтан кариб 20с- ро барои маошгириаш гир гирди
ш. Душанбе бонкомат кофта сарф мекунад.
Хуб мешуд хамин камбудихоро бартараф мекардед.

Хуб мешуд, ки дар давраи бухрони иктисоди 2 ё 3 басти муовинони рохбари дастгохи марказиро ихтисор мекарданду ба чои онхо мутахасисони айтишник мегирифтанд, ки мардум сарсону саргардон намешуд. Хамзамон вактхои охир аз чониби ин бонк маблиги фоизхои амонатии шахрвандон бо хар бахона ба пурраги пардохт карда нашуда истодааст.

Агар бонки шумо дар холати хуб мешуд 99% банкоматхои шумо бепул намешуд.
Безор шудем аз банкоматкобия факат дар офиси маркази пулатон мондаст тамом.
Овозахо беасос нестанд мухтарам Пиров !!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)