Бахшҳо
02 фев 2016 10:12Тоҷикистон / Иқтисодӣ

Вазорати молия: Қарзҳои Узбакистону Қазоқистонро пурра пардохт кардем

Вазорати молияи Тоҷикистон мегӯяд, соли 2015 қарзҳои Узбакистону Қазоқистонро пурра баробар кардааст.

Ҷамшед Каримзода, муовини вазири молия имрӯз, 2 феврал дар суҳбат бо хабарнигорон гуфт, соли сипаришуда 105,6 миллион доллар қарзи Тоҷикистон аз Узбакистон пурра пардохт шуд. Ӯ афзуд, Тоҷикистон 12.2 миллион доллар қарзаш аз Қазоқистонро низ пурра баробар сохт.

Ба гуфтаим оқои Каримзода дар соли 2015 аз 2,2 миллиард доллар қарзи хориҷии кишвар, ки 27,8 дарсади Маҷмӯи маҳсулоти дохилиро ташкил медиҳад, беш аз 144 миллион доллараш баргардонида шуд. Муовини вазир қарзи дохилии кишварро 2,5 миллиард сомонӣ рақам зад.

Ҷамшед Каримзода, дар нишасти хабарии имрӯз, ширкатҳои “Барқи тоҷик” ва “ТалКО”-ро аз қарздорҳои бузургаш ном бурд. Ӯ гуфт, қарзи “Барқи тоҷик” ба ҳолати якуми декабри соли 2015, 142,4 миллион сомониро ташкил медиҳад. Қарзи ширкати алюминии Тоҷикистон - “ТалКО” ба 47,7 ва "Тоҷиктелеком" ба 8,3 миллион сомонӣ мерасад.

Ҷаноби Каримзода дар идомаи суҳбат гуфт, 7 шаҳру ноҳия -- Ваҳдат, Турсунзода, Ҳисор, Исфара, Истаравшан, Зафаробод, Ҷаббор Расулов нақшаи буҷаро иҷро накардаанд: "Дар умум 24,4 миллион сомонӣ ворид нагардид".
Мӯҳр
Хусурбачахо андоз намесупоранд гуед чаноби муовини вазир?
Хеч гап не, карзи имсоларо хам мебахшанд. 142,4 миллион сомонӣ шояд ин хам маблаги барке бошад ки бояд Талко ба Барки Точик месупорид. Хайр хеч гап не, бачаи худи аст/
Мушкили нест. Ин маблагро хатман боз бар души ягон ширкати дигар бор мекунанд ва накшаи буча дар умум 101-102 дар сад ичро хохад шуд

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)